Моҳи май дар Тошканд ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 26.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи май дар шаҳри Тошканд ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор мегардад. Масъалаи мазкур дар мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва муовини якуми Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Лазиз Қудратов дар Хуҷанд баррасӣ гардид.
Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот мусоҳибон аз ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ натиҷагирӣ намуданд.
Мусоҳибон ҳамзамон роҳҳои тақвияти ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ баррасӣ намуда, вобаста ба ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ пешниҳодҳои мушаххасро ҷонибдорӣ карданд.








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид






