Муфаттиши прокуратураи ноҳияи Роштқалъа Сиёвуш Маҳмуродов ғолиби озмуни «Беҳтарин донандаи китоби «Тоҷикон» гардид
ХОРУҒ, 12.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври ниҳоии озмуни «Беҳтарин донандаи китоби «Тоҷикон» баргузор шуд. Озмун дар се давр баргузор шуда, 7 нафар ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд ва ҳар иштирокчӣ ба 10 саволи ҳакамон ҷавоб гуфт. Муфаттиши прокуратураи ноҳияи Роштқалъа Сиёвуш Маҳмуродов ба ҳамаи суолҳои ҳакамон ҷавобҳои саҳеҳ, дақиқу комил дода, мақоми аввалро соҳиб шуд.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар озмун кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои таълимӣ, тандурустию фарҳангӣ, донишҷӯёни донишгоҳҳову коллеҷҳо ширкат намуданд.
Раиси ҳакамони озмуни мазкур, доктори илмҳои филологӣ, профессор Назрӣ Офаридаев гуфт, ки «халқи тоҷик аз қарни қадим бо таърих, тамаддун, илму фарҳанг, забону адабиёти ҳамчун мардуми созандаву бунёдкор эътироф шудааст. Асарҳое, ки муаррихон, шоирону нависандагони тоҷик эҷод кардаанд, дар бузургтарин китобхонаҳои кишварҳои гуногуни олам маҳфузанд ва ҳанӯз ҳам муҳаққиқони соҳаҳои мухталифи ин кишварҳо аз ин асарҳо ба сифати манбаи муътамади таърихӣ баҳра мебаранд. Китоби «Тоҷикон»-и мутафаккири шинохта, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров яке аз намунаҳои барҷаста ва боарзиш дар илми таърихшиносӣ буда, дар он на танҳо таърихи халқи тоҷик, балки таърихи тамоми инсоният аз давраи ҷамъияти ибтидоӣ то давраи муосир инъкос гардидааст».
Узви дигари ҳайати ҳакамони озмун, номзади илмҳои таърих Аловиддин Шоинбеков аз он изҳори хушнудӣ кард, ки бештари иштирокдорони ин озмунро ҷавонон ташкил доданд. “Ин моро ба оянда боз ҳам бештар хушбин месозад. Зеро ояндаи Ватан дар дасти ҳамин ҷавонон аст. Агар онҳо ҳар қадар дар бораи таърихи гузаштаи худ маълумоти бештар дошта бошанд, ояндаро бунёд кардан барояшон ҳамон қадар осонтар хоҳад буд”,-гуфт мавсуф.
Ғолибони озмуни «Беҳтарин донандаи китоби «Тоҷикон» бо диплом, ифтихорнома ва мукофоти пулии раиси шаҳри Хоруғ сарфароз гардонида шуданд.








Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд






