Муфаттиши прокуратураи ноҳияи Роштқалъа Сиёвуш Маҳмуродов ғолиби озмуни «Беҳтарин донандаи китоби «Тоҷикон» гардид

Апрель 12, 2021 15:58

ХОРУҒ, 12.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври ниҳоии озмуни «Беҳтарин донандаи китоби «Тоҷикон» баргузор шуд.      Озмун дар се давр баргузор шуда, 7 нафар ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд ва ҳар иштирокчӣ ба 10 саволи ҳакамон ҷавоб гуфт. Муфаттиши прокуратураи ноҳияи Роштқалъа Сиёвуш Маҳмуродов ба ҳамаи суолҳои ҳакамон ҷавобҳои саҳеҳ, дақиқу комил дода, мақоми аввалро соҳиб шуд.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар озмун кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои таълимӣ, тандурустию фарҳангӣ, донишҷӯёни донишгоҳҳову коллеҷҳо ширкат намуданд.

Раиси ҳакамони озмуни мазкур, доктори илмҳои филологӣ, профессор Назрӣ Офаридаев гуфт, ки «халқи тоҷик аз қарни қадим бо таърих, тамаддун, илму фарҳанг, забону адабиёти  ҳамчун мардуми созандаву бунёдкор эътироф шудааст. Асарҳое, ки муаррихон, шоирону нависандагони тоҷик эҷод кардаанд, дар бузургтарин китобхонаҳои кишварҳои гуногуни олам маҳфузанд ва ҳанӯз ҳам муҳаққиқони соҳаҳои мухталифи  ин кишварҳо аз ин асарҳо ба сифати манбаи муътамади таърихӣ баҳра мебаранд. Китоби «Тоҷикон»-и мутафаккири шинохта, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров яке аз намунаҳои барҷаста ва боарзиш дар илми таърихшиносӣ буда, дар он на танҳо таърихи халқи тоҷик, балки таърихи тамоми инсоният аз давраи ҷамъияти ибтидоӣ то давраи муосир инъкос гардидааст».

Узви дигари  ҳайати ҳакамони озмун, номзади илмҳои таърих Аловиддин Шоинбеков аз он изҳори хушнудӣ кард, ки бештари иштирокдорони ин озмунро ҷавонон ташкил доданд. “Ин моро ба оянда боз ҳам бештар хушбин месозад. Зеро ояндаи Ватан дар дасти ҳамин ҷавонон аст. Агар онҳо ҳар қадар дар бораи таърихи гузаштаи худ маълумоти бештар дошта бошанд, ояндаро бунёд кардан барояшон ҳамон қадар осонтар хоҳад буд”,-гуфт мавсуф.

Ғолибони озмуни  «Беҳтарин донандаи китоби «Тоҷикон» бо диплом, ифтихорнома ва мукофоти пулии раиси шаҳри Хоруғ сарфароз гардонида шуданд.

Апрель 12, 2021 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Шаҳри Душанбе бо гирифтани 2 Шоҳҷоиза, 11 ҷой ва 3 ҷойи ифтихорӣ дар ҷумҳурӣ беҳтарин дониста шуд
Сарбоз Ҳасани Назар: «Шароити муҳайëгардида дар қисмҳои низомӣ имкон дод, ки дониши худро сайқал дода, сазовори 70000 сомонӣ шавам»
Аз саҳифаҳои матбуоти даврӣ
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» муайян гардиданд
««ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар он чор нафар сазовори «Шоҳҷоиза» гардид
Беҳрӯз Сайфиддинов дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷои аввал шуд
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи давлатҳои ИДМ оид ба истифодаи неруи атомӣ бо мақсадҳои осоишта иштирок намуд
Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соли 2024 озмун эълон гардидааст
Дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2023» ҷамъбаст гардид
Ба «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» хроматографи ионӣ супорида шуд
Сарояндаи тоҷик, ғолиби озмуни «Ну-ка, все вместе!» Фаррух Ҳасановро дар фурудгоҳи Душанбе пешвоз гирифтанд
Раиси вилояти Хатлон бо ҷараёни корҳои навсозии Мадрасаи Хоҷа Машҳад шинос шуд