Намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратӣ — сармоягузории СҲШ — 2021 дар Тсиндао баргузор шуд. Дар маросими ифтитоҳи он Сафири Тоҷикистон Зоҳир Саидзода сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 28.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратӣ — сармоягузории Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) 2021 ва Форуми Тсиндаои ҳамкории байниминтақавии тиҷоратӣ ва иқтисодии СҲШ 26 апрел дар шаҳри Тсиндао (вилояти Шандун, шарқи Чин) ифтитоҳ ёфтанд. АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории «Синхуа» хабар медиҳад, ки имрӯз чорабиниҳои серӯза анҷом меёбанд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Чин иттилоъ медиҳад, дар чорабиниҳо меҳмонони зиёди ватанӣ ва хориҷӣ, ба шумули фиристодагон аз 30 кишвар барои баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои рушди мутақобила ҷамъ омадаанд.
Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ Дабири кулли СҲШ Владимир Норов, муовини раиси Кумитаи чинии мусоидат ба тиҷорати байналмилалӣ ва раиси қисми миллии Шӯрои тиҷоратии СҲШ аз Чин Чжан Шаоганг ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин Зоҳир Саидзода сухан гуфтанд.
Намояндаи расмӣ ва директори Департаменти омор ва таҳлили Сарраёсати гумруки Чин Ли Куйвэн арқоми тиҷоратро байни Чин ва аъзои СҲШ эълон кард. Тибқи маълумоти оморӣ, аз баракати таҳкими назарраси робитаҳои тиҷоратӣ, ҳаҷми амалиёти воридотӣ ва содиротӣ байни Чин ва аъзои СҲШ аз 17,14 миллиард доллари соли 2001 то ба 244,85 миллиард доллар дар соли 2020 афзоиш ёфт ва рушди миёнаи солонаи он 15% -ро ташкил намуд.
Дар ин намоишгоҳ намояндагони чаҳор бародаршаҳр ва 19 бародарбоғ дар 17 кишвар (мустақиман ё ба таври онлайн) бо роҳбарияти Тсиндао ва Минтақаи намоишии ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ байни Чин ва СҲШ бо мақсади барқарор намудани равобити дӯстона ва оғози ҳамкорӣ дар доираи 20 лоиҳа бо сармояи умумӣ дар ҳаҷми 6,8 миллиард юан дар чунин соҳаҳо, аз қабили тиҷорат ва логистика, энергетикаи нав, истеҳсолоти технологии сатҳи баланд, сайёҳии фарҳангӣ ва тибби биологӣ ёддоштҳои ҳусни тафоҳум имзо карданд.
Узви Кумитаи доимии Кумитаи ҲКЧ дар Тсиндао, котиби кумитаи ҲКЧ дар Тсзяочжоу ва котиби кумитаи коргарии ҲКЧ ва директори Кумитаи маъмурии минтақаи намоишӣ Лю Тсзянтсзюн меҳмононро бо минтақаи намоишӣ шинос намуданд.
Муовини директори Кумитаи маъмурии минтақаи намоишӣ Сян Чжитсян татбиқи «ташаббуси тсиндаро» оид ба таҳкими ҳамкории минтақавии тиҷоратӣ ва иқтисодӣ эълон кард.
Дар ин ташаббус гуфта шудааст, ки аз рӯзи таъсиси СҲШ аъзои созмон дар таҳкими мубодила, амиқтар кардани ҳамкорӣ, мубориза бо терроризм, ҳавасмандгардонии рушди иқтисодӣ ва ҳамгироии фарҳангӣ ба муваффақияти барҷаста ноил шудаанд. Он аз СҲШ — бузургтарин созмони минтақавии ҷаҳон аз ҷиҳати фарогирии ҷуғрофӣ ва шумораи аҳолӣ даъват мекунад, ки бо роҳи гузоштани саҳми арзандатар дар рушди аъзои он аз тариқи ҳавасмандкунонии ҳамкории минтақавии тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, фароҳам овардани роҳҳои нави такмилёфтаи логистикии байналмилалӣ, суръат бахшидани сармоягузорӣ ва сода кардани расмиёти тиҷоратӣ саҳми бештар гузорад.
Дар ташаббус зикр шудааст, ки минтақаи намоишӣ саҳифаи нави ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодиро байни аъзои СҲШ боз кард ва ярмарка платформаи муҳим барои дастгирии ҳамкорӣ гардид.
Пас аз маросими ифтитоҳ меҳмонон павилйонҳои кишварҳои гуногунро дар минтақаи намоишӣ тамошо карданд.
Ба Барномаи ярмаркаи серӯза барои аъзои СҲШ инчунин иқдомоти саноатӣ ва ярмаркаи лоиҳаҳо шомил шуда буданд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2021 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай раёсат мекунад. Дар доираи раёсаташ дар СҲШ баргузории зиёда аз 100 чорабинӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аксари онҳо дар Тоҷикистон доир мешаванд.
АКСҲО: «Синхуа»/АМИТ «Ховар»










Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»






