Намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратӣ — сармоягузории СҲШ — 2021 дар Тсиндао баргузор шуд. Дар маросими ифтитоҳи он Сафири Тоҷикистон Зоҳир Саидзода сухан гуфт

Апрель 28, 2021 12:26

ДУШАНБЕ, 28.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратӣ — сармоягузории Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) 2021 ва Форуми Тсиндаои ҳамкории байниминтақавии тиҷоратӣ ва иқтисодии СҲШ 26 апрел дар шаҳри Тсиндао (вилояти Шандун, шарқи Чин) ифтитоҳ ёфтанд. АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории «Синхуа» хабар медиҳад, ки имрӯз чорабиниҳои серӯза анҷом меёбанд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Чин иттилоъ медиҳад, дар чорабиниҳо меҳмонони зиёди ватанӣ ва хориҷӣ, ба шумули фиристодагон аз  30 кишвар барои баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои рушди мутақобила ҷамъ омадаанд.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ Дабири кулли СҲШ Владимир Норов, муовини раиси Кумитаи чинии мусоидат ба тиҷорати байналмилалӣ ва раиси қисми миллии Шӯрои тиҷоратии СҲШ аз Чин Чжан Шаоганг ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин Зоҳир Саидзода сухан гуфтанд.

Намояндаи расмӣ ва директори Департаменти омор ва таҳлили Сарраёсати гумруки Чин Ли Куйвэн арқоми тиҷоратро байни Чин ва аъзои СҲШ эълон кард. Тибқи маълумоти оморӣ, аз баракати  таҳкими назарраси робитаҳои тиҷоратӣ, ҳаҷми амалиёти воридотӣ ва содиротӣ байни Чин ва аъзои СҲШ аз 17,14 миллиард доллари соли 2001 то ба 244,85 миллиард доллар дар соли 2020 афзоиш ёфт ва рушди миёнаи солонаи он 15% -ро ташкил намуд.

Дар ин намоишгоҳ намояндагони чаҳор бародаршаҳр ва 19 бародарбоғ дар 17 кишвар (мустақиман ё ба таври онлайн) бо роҳбарияти Тсиндао ва Минтақаи намоишии ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ байни Чин ва СҲШ бо мақсади барқарор намудани равобити дӯстона ва оғози ҳамкорӣ дар доираи 20 лоиҳа бо сармояи умумӣ дар ҳаҷми 6,8 миллиард юан дар чунин соҳаҳо, аз қабили тиҷорат ва логистика, энергетикаи нав, истеҳсолоти технологии сатҳи баланд, сайёҳии фарҳангӣ ва тибби биологӣ ёддоштҳои ҳусни тафоҳум имзо карданд.

Узви Кумитаи доимии Кумитаи ҲКЧ дар Тсиндао, котиби кумитаи ҲКЧ дар Тсзяочжоу ва котиби кумитаи коргарии ҲКЧ ва директори Кумитаи маъмурии минтақаи намоишӣ Лю Тсзянтсзюн меҳмононро бо минтақаи намоишӣ шинос намуданд.

Муовини директори Кумитаи маъмурии минтақаи намоишӣ Сян Чжитсян   татбиқи «ташаббуси тсиндаро» оид ба таҳкими ҳамкории минтақавии тиҷоратӣ ва иқтисодӣ эълон кард.

Дар ин ташаббус гуфта шудааст, ки аз рӯзи таъсиси СҲШ аъзои созмон дар таҳкими мубодила, амиқтар кардани ҳамкорӣ, мубориза бо терроризм, ҳавасмандгардонии рушди иқтисодӣ ва ҳамгироии фарҳангӣ ба муваффақияти барҷаста ноил шудаанд. Он аз СҲШ — бузургтарин созмони минтақавии ҷаҳон аз ҷиҳати фарогирии  ҷуғрофӣ ва шумораи аҳолӣ даъват мекунад, ки бо роҳи гузоштани саҳми арзандатар дар рушди аъзои он аз тариқи ҳавасмандкунонии ҳамкории минтақавии тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, фароҳам овардани роҳҳои нави такмилёфтаи логистикии байналмилалӣ, суръат бахшидани сармоягузорӣ ва сода кардани расмиёти тиҷоратӣ саҳми бештар гузорад.

Дар ташаббус зикр шудааст, ки минтақаи намоишӣ саҳифаи нави ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодиро байни аъзои СҲШ боз кард ва ярмарка платформаи муҳим барои дастгирии ҳамкорӣ гардид.

Пас аз маросими ифтитоҳ меҳмонон павилйонҳои кишварҳои гуногунро дар минтақаи намоишӣ тамошо карданд.

Ба Барномаи ярмаркаи серӯза барои аъзои СҲШ инчунин иқдомоти саноатӣ  ва ярмаркаи лоиҳаҳо шомил шуда буданд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2021 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай раёсат мекунад. Дар доираи раёсаташ дар СҲШ баргузории зиёда аз 100 чорабинӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аксари онҳо дар Тоҷикистон доир мешаванд.

                                              АКСҲО: «Синхуа»/АМИТ  «Ховар»

Апрель 28, 2021 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон бо раиси Бонки миллии Швейтсария роҳҳои тақвияти ҳамкориро баррасӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд
Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид
Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мулоқот намуд