Нуҳ объекти таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи пешакии ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардиданд
ДУШАНБЕ, 13.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Нуҳ объекти таърихию фарҳангии долони «Зарафшон-Қайроққум» расман ба Феҳристи пешакии ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд. Ин обеъектҳо, аз қабили «Панҷакенти Қадима», «Шаҳраки Санҷаршоҳ», «Шаҳраки Ҳисорак», «Гардани Ҳисор», «Қалъаи Муғ», «Қум», «Тали Хамтуда», низоми обёрикунии «Токсанкорез» ва Мақбараи «Хоҷа Муҳаммади Башоро» мебошанд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, объекти таърихию фарҳангии долони «Зарафшон-Қайроққум» аз ҷониби ЮНЕСКО аз нигоҳи техникӣ дуруст ва комил арзёбӣ шудааст.
Ин ёдгориҳо солҳои зиёд аз ҷониби муҳаққиқону бостоншиносони ватаниву хориҷӣ таҳқиқу кашф ва ҳафриёт гардидаанд.
Аз ҷониби мутахассисони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон парвандаҳои номинавии ёдгориҳои таърихию фарҳангии мазкур таҳия ва такмил гардида, ба идораи СММ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанги ЮНЕСКО барои ворид намудан ба феҳристи ҷаҳонӣ ирсол карда шуданд.
Ба гуфти ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО Мирзошариф Абдусаломов, «дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта ва эътироф шудани мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик кори саҳлу сода ва амри тасодуфӣ нест. Ин дарвоқеъ эътирофи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибфарҳангу соҳибтамаддун, соҳиби таърихи зиёда аз 5500-сола ва шаҳрсозу давлатдор аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад».
Мавсуф зикр намуд, ки то имрӯз бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоту идораҳои дахлдори соҳавӣ ҷиҳати дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардани мероси таърихию фарҳангӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонидаанд.
Бояд гуфт, ки дар долонҳои хатсайрҳои Шоҳроҳи бузурги таърихии «Абрешим», ки тавассути мамлакати мо мегузаранд, объектҳои таърихию фарҳангии сатҳи байналмилалӣ мавҷуданд. Аз ҷумла, ба долони «Зарафшон-Қайроққум» 9 адад объектҳои таърихию фарҳангӣ шомил мешаванд. Корҳои мукаммалгардонии номинаҳои мазкур аз ҷониби мутахассисону кормандони соҳа мунтазам ҷараён доранд. Инчунин барои тармиму барқарорнамоӣ, ба талаботи ЮНЕСКО ҷавобгӯ намудани объектҳои таърихию фарҳангӣ ва ба Феҳристи асосӣ шомил намудани ин ёдгориҳо вазорату идораҳои ваколатдор тибқи барномаҳои давлатӣ ва дигар супоришҳои дахлдор корҳои назаррас ба анҷом расонида истодаанд.
Аксҳо аз АМИТ «Ховар» ва манбаъҳои боз











Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






