Нуҳ объекти таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи пешакии ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардиданд

Апрель 13, 2021 10:00

ДУШАНБЕ, 13.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Нуҳ объекти таърихию фарҳангии долони «Зарафшон-Қайроққум» расман ба Феҳристи пешакии ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд. Ин обеъектҳо, аз қабили «Панҷакенти Қадима», «Шаҳраки Санҷаршоҳ», «Шаҳраки Ҳисорак», «Гардани Ҳисор», «Қалъаи Муғ», «Қум», «Тали Хамтуда», низоми обёрикунии «Токсанкорез» ва Мақбараи «Хоҷа Муҳаммади Башоро» мебошанд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, объекти таърихию фарҳангии долони «Зарафшон-Қайроққум» аз ҷониби ЮНЕСКО аз нигоҳи техникӣ дуруст ва комил арзёбӣ шудааст.

Ин ёдгориҳо солҳои зиёд аз ҷониби муҳаққиқону бостоншиносони ватаниву хориҷӣ таҳқиқу кашф ва ҳафриёт гардидаанд.

Аз ҷониби мутахассисони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон парвандаҳои номинавии ёдгориҳои таърихию фарҳангии мазкур таҳия ва такмил гардида, ба идораи СММ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанги ЮНЕСКО барои ворид намудан ба феҳристи ҷаҳонӣ ирсол карда шуданд.

Ба гуфти ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО Мирзошариф Абдусаломов, «дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта ва эътироф шудани мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик кори саҳлу сода ва амри тасодуфӣ нест. Ин дарвоқеъ эътирофи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибфарҳангу соҳибтамаддун, соҳиби таърихи зиёда аз 5500-сола ва шаҳрсозу давлатдор аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад».

Мавсуф зикр намуд, ки то имрӯз бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоту идораҳои дахлдори соҳавӣ ҷиҳати дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардани мероси таърихию фарҳангӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонидаанд.

Бояд гуфт, ки дар долонҳои хатсайрҳои Шоҳроҳи бузурги таърихии «Абрешим», ки тавассути мамлакати мо мегузаранд, объектҳои таърихию фарҳангии сатҳи байналмилалӣ мавҷуданд. Аз ҷумла, ба  долони «Зарафшон-Қайроққум» 9 адад объектҳои таърихию фарҳангӣ шомил мешаванд. Корҳои мукаммалгардонии номинаҳои мазкур аз ҷониби мутахассисону кормандони соҳа мунтазам ҷараён доранд. Инчунин барои тармиму барқарорнамоӣ, ба талаботи ЮНЕСКО ҷавобгӯ намудани объектҳои таърихию фарҳангӣ ва ба Феҳристи асосӣ шомил намудани ин ёдгориҳо вазорату идораҳои ваколатдор тибқи барномаҳои давлатӣ ва дигар супоришҳои дахлдор корҳои назаррас ба анҷом расонида истодаанд.

Аксҳо аз АМИТ «Ховар» ва манбаъҳои боз

Апрель 13, 2021 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарбоз Ҳасани Назар: «Шароити муҳайëгардида дар қисмҳои низомӣ имкон дод, ки дониши худро сайқал дода, сазовори 70000 сомонӣ шавам»
Аз саҳифаҳои матбуоти даврӣ
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» муайян гардиданд
««ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар он чор нафар сазовори «Шоҳҷоиза» гардид
Беҳрӯз Сайфиддинов дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷои аввал шуд
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи давлатҳои ИДМ оид ба истифодаи неруи атомӣ бо мақсадҳои осоишта иштирок намуд
Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соли 2024 озмун эълон гардидааст
Дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2023» ҷамъбаст гардид
Ба «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» хроматографи ионӣ супорида шуд
Сарояндаи тоҷик, ғолиби озмуни «Ну-ка, все вместе!» Фаррух Ҳасановро дар фурудгоҳи Душанбе пешвоз гирифтанд
Раиси вилояти Хатлон бо ҷараёни корҳои навсозии Мадрасаи Хоҷа Машҳад шинос шуд
«ИНЪИКОСИ ПИРЯХҲО ДАР ОСОРИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОН». Дар Кӯлоб таҳти ин унвон намоиш ифтитоҳ ёфт