Қоҳир Расулзода ва Абдулло Арипов ҷараёни омодагии сафари расмии Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд

Апрель 22, 2021 15:14

ДУШАНБЕ, 22.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 апрел ҳайати коршиносон аз ҷумлаи намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои баррасӣ ва таҳияи масъалаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётӣ, коммуникатсионӣ, обӣ-энергетикӣ, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ ба Душанбе ташриф овард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон  иттилоъ доданд, натиҷаҳои кори коршиносон зимни мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов, ки 24 апрел дар шаҳри  Хуҷанддар назар аст, пешниҳод мегарданд.

Сарвазирони ду кишвар инчунин ҷараёни омодагиҳо ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки нимаи аввали моҳи июни соли равон баргузор мешавад, баррасӣ мекунанд.

Аз ҷумла, масъалаҳои фарогирандаи мундариҷаи барномаи чорабинии дарпешистода дар сатҳи олӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳое, ки ҳангоми сафари сарвари Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд, баррасӣ карда мешаванд.

Апрель 22, 2021 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар самтҳои иқтисоду тиҷорат баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд
Донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи Кувайт тавассути бурсия таҳсил менамоянд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15-солагии ифтитоҳи бинои Сафорат дар шаҳри Берлин таҷлил гардид
Сарвазири Покистон бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли идораи амлок ва абнияи вазорати корҳои хориҷии Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Сеул Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири маҷаллаи фарҳангии «Ал-Арабӣ»-и Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Москва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд