ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши сусти борон ва раъду барқ дар назар аст

Апрель 17, 2021 08:25

ДУШАНБЕ, 17.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои  тағйирёбанда  шуда, рӯзона дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши сусти борон ва раъду барқ дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1+6 дараҷа гарм ва  рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона  1+6 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, рӯзона дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши сусти борон ва раъду барқ дар назар аст. Шамол  аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9  метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 9+14  дараҷа гарм ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа  хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои  тағйирёбанда шуда, рӯзона дар доманакӯҳҳо боришоти сусти борон дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда,  рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон дар назар аст. Раъду барқ ба амал омада, дар ағбаҳо туман мефароя. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона  14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи  бебориш мешавад. Шамол аз самти  шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  9+11 ва рӯзона 23+25 дараҷа гарм мешавад.

Апрель 17, 2021 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад