ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон борон борида, раъду барқ ба амал меояд

Апрель 21, 2021 08:07

ДУШАНБЕ, 21.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво  тағйирёбанда шуда, борон  меборад. Раъду барқ ба амал омада, боридани жола пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, бориши борон ва барф  дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши бошиддат ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2+7 дараҷа гарм ва  рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона  1+6 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, борон  меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида бориши бошиддат ва раъду барқ пешбинӣ шуда, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол  аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 10+15  дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои  тағйирёбанда шуда,  дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат, дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ борони бошиддат меборад. Раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14  дараҷа гарм ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7  ва рӯзона  8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти  ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  9+11 ва рӯзона 19+21 дараҷа гарм мешавад.

Апрель 21, 2021 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд