Ғолибони Ниммарафони ХI байналмилалии Душанбе-2021 муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 17.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе Ниммарафони XI байналмилалӣ баргузор гардид.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқаи байналмилалии мазкур бо мақсади устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо шаҳри Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоидошта, дар асоси татбиқи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур беҳтарин варзишгарон аз бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо шаҳри Душанбе ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодидошта аз қитъаҳои Аврупо, Амрико, Африқо ва Осиё иштирок намуданд. Бояд қайд кард, ки дар Ниммарафони XI байналмилалии Душанбе-2021 имсол дар баробари намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин беш аз 10 варзишгар аз 7 давлати хориҷӣ, аз қабили Бразилия, Афғонистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, ва Эфиопия, Қазоқистон, Канада, Олмон ва Россия ширкат варзиданд.
Ниммарафони XI байналмилалии Душанбе, ки масофаи 21 километру 97 метрро дар бар мегирад, аз майдони назди «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт шурӯъ шуда, дар майдони Дӯстӣ, назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ба поён расид.
Ҳамин тариқ, пас аз тай намудани масофаи зикргардида, ғолибони Ниммарафони XI байналмилалии Душанбе муайян гардиданд.
Миёни мардҳо:
Ҷойи якум — Шоҳрух Давлатов (Ӯзбекистон)
Ҷойи дуюм — Фенте Ҷирма Тилаҳун (Эфиопия)
Ҷойи сеюм — Адилет Хиштагбеков (Қирғизистон)
Ҷойи чорум — Ғайрат Олимов (Тоҷикистон)
Ҷойи панҷум — Меҳроб Одинаев (Тоҷикистон)
Ҷойи шашум — Аъзамҷон Давлатов (Тоҷикистон)
Миёни занҳо:
Ҷойи якум — Даря Маслова (Қирғизистон)
Ҷойи дуюм- Вероника Гришина (Ӯзбекистон)
Ҷойи сеюм- Ғаффорзода Зулҳиҷа (Тоҷикистон)
Ҷойи чорум- Баротова Маҳина (Тоҷикисон)
Ҷойи панҷум- Абдуллоева Раҷабмоҳ (Тоҷикистон)
Ҷойи шашум — Мирзоева Нодира (Тоҷикистон)
Бояд тазаккур дод, ки Ниммарафони байналмилалии Душанбе мақоми баланд дошта, ба тақвими мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаҳои дур шомил гардидааст.
Хотиррасон менамоем, ки аввалин бор Ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе дар масофаи 21 километру 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва беҳтарин давандаҳои Тоҷикистон моҳи апрели соли 2009 баргузор гардида буд.
Ғолибони ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе
(солҳои 2010-2021)
Мардҳо:
2010 – Тоҳир Мамашев (Қазоқистон)
2011 – Михаил Биков (Россия)
2012 – Андрей Петров (Ӯзбекистон)
2013 – Андрей Петров (Ӯзбекистон)
2014 – Роман Романенко (Украина)
2015 – Юрий Чечун (Россия)
2016 – Либога Вилсон (Кения)
2017 – Тилаҳун Гирма (Эфиопия)
2018 – Тефера Гоза (Эфиопия)
2019 – Фенте Ҷирма (Эфиопия)
2021 – Шоҳрух Давлатов (Ӯзбекистон)
Занҳо:
2010 – Надежда Поволяева (Россия)
2011 – Алёна Самохвалова (Россия)
2012 – Камила Ханипова (Россия)
2013 – Александра Дулиба (Беларус)
2014 – Ситора Ҳамидова (Ӯзбекистон)
2015 – Юлия Чиженко (Россия)
2016 – Даря Маслова (Қирғизистон)
2017 – Виктория Полюдина (Қирғизистон)
2018 – Даря Маслова (Қирғизистон)
2019 – Даря Маслова (Қирғизистон)
2021 — Даря Маслова (Қирғизистон)
АКСҲО аз АМИТ «Ховар» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе


















Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд






