«ОМӮЗЕД! ЗАХИРА НАМОЕД! ПУЛ КОР КУНЕД!». БМТ дар доираи «Global Money Week-2021» моҳи саводнокии молиявӣ доир менамояд
ДУШАНБЕ, 11.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмонҳои шарик дар доираи маъракаи байналмилалии «Global Money Week-2021» моҳи саводнокии молиявӣ баргузор менамояд. Бархе аз вазорату идораҳои давлатӣ ва ширкатҳои тиҷоратӣ шарикони ин маъракаи таълимӣ мебошанд.
Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки «Моҳи саводнокии молиявӣ» ҳамасола дар саросари ҷаҳон баргузор гардида, ҳадафи асосии он баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ, рӯҳбаланд кардани кӯдакон ва ҷавонон барои истифодаи пул ва дар ниҳоди онҳо сайқал додани малакаи соҳибкорӣ мебошад, зеро дар шароити кунунӣ ҷалби кӯдакон ва ҷавонон ба бахши молиявӣ аҳамияти муҳим касб кардааст. «Омӯзед! Захира намоед! Пул кор кунед!» — шиори расмии Global Money Week-2021 мебошад. Ин шиор ҳадафҳои асосии маъракаи Global Money Week-2021-ро инъикос намуда, кӯдакон ва ҷавононро на танҳо ба тақсими оқилонаи буҷа водор месозад, балки дар интиқоли дониши андӯхтаи худ ба оила ва атрофиёнашон кумак мекунад. Илова бар ин, шиори «Омӯзед! Захира кунед! Пул кор кунед!» ба ҳамагон имкон медиҳад, ки оқилона истифода бурдани пул, фикр кардани ояндаи худ, барои худ ва оила пул кор карданро омӯзанд.
Дар доираи баргузории маъракаи Global Money Week-2021 давоми моҳи апрел ташкилоти қарзии молиявии Тоҷикистон оид ба саводнокии молиявӣ барои хонандагон ва донишҷӯён ҷамъомаду тренинг ва экскурсияҳо ташкил менамоянд. Ҳамчунин дар доираи чорабинии мазкур боздид аз осорхонаи БМТ ва иншооти истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, БМТ дар якҷоягӣ бо шарикон мактаббачагону донишҷӯёни ҳавасмандро барои иштирок дар озмунҳои расм, видео ва флеш-моби беҳтарин дар мавзӯи саводнокии молиявӣ даъват менамояд.
Акс аз манбаъҳои боз








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2331 сомонӣ муқаррар шудааст
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»






