«ОН ЁР, КИ ХОМӮШУ СУХАНГӮСТ, КИТОБ АСТ…». Имрӯз Рӯзи умумиҷаҳонии китоби кӯдакон таҷлил мешавад

Апрель 2, 2021 10:24

ДУШАНБЕ, 02.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии китоби кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз гардид. Он тӯли як ҳафта дар саросари мамлакат доир мешавад.

Ҳамасола 2 апрел Рӯзи умумиҷаҳонии китоби кӯдакон таҷлил карда мешавад. Таҷлили ин сана ҳанӯз аз соли 1967 бо ташаббус ва қарори Дафтари байналмилалии китоб барои насли ҷавон (International Board on Books for Young People, IBBY), ба ифтихори зодрӯзи Ҳанс Кристиан Андерсен, нависандаи бузурги достонҳои кӯдакона шурӯъ гардида буд.  Дар ин рӯз дар кишварҳое, ки узви ин созмон мебошанд, маросими бошукӯҳ баргузор карда мешавад.

Дар Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи китобу китобдорӣ ва ҳавасмандии кӯдакону наврасон ба китобхонӣ хеле боло рафтааст. Инчунин солҳои охир теъдоди чопи китоб зиёд ва сифати маҳсулоти чопӣ низ баланд гардида, нашри адабиёти бачагона рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Тӯли 10 сол мешавад, ки Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, то имрӯз китобхонаҳои мамлакатро бо китобҳои бачагона таъмин менамояд.

Директори Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабиб Сулаймонӣ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» вобаста ба фаъолияти имрӯзаи муассиса ва нақши китоб барои насли ояндаи миллат чунин ибрози андеша  намуд:

—     Зербинои ҳар давлат аз тарбияи насли навраси он манша мегирад. Асоси тарбияи насли наврасу ҷавонро маърифатнокии баланди он ташкил медиҳад. Дониш, ҷаҳонбинӣ, ифтихору ғурури миллӣ, дӯстдории Ватан, арҷгузорӣ ба муқаддасоти он ва эҳтиром гузоштан ба шахсиятҳои таърихии миллат аз шохаҳои маърифат дониста мешавад.  Аз ин рӯ, тарбияи маънавии насли наврасу ҷавони имрӯз бояд дар мадди аввал гузошта шавад, зеро онҳо фардо тақдири ояндаи халқу миллат ва давлатдориро ба даст хоҳанд гирифт.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, инсон дар ҳама давру замон, новобаста аз тағйирёбии муносибатҳо ҳамеша ба тарбия ниёз дорад. Хусусан тарбияи насли наврасу ҷавон таваҷҷуҳи бештар мехоҳад. Ба  гуфти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «тарбияи насли наврасу ҷавон фақат як рукни сиёсати давлатӣ нест, балки он ҷавҳари тамоми сиёсати давлат аст». Рукни асосии тарбияро ҳамеша китобхонию донишомӯзии насли наврас ташкил мекунад. Ҳоло дар замони ҷаҳонишавӣ, ки раванди бархӯрди тамаддунҳо ба зеҳну равони инсоният таъсири амиқ мегузорад, ҷараёни кори тарбия низ гоҳо бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ мегардад. Фазои иттилоотӣ то ҳадде васеъ аст, ки шуури заифи наврасону ҷавонон баъзан қудрати ҳазм, таҳлил ва ҷудо кардани ахбори манфиву мусбатро надорад.

Бинобар ин, Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» вазифадор аст, ки бо истифода аз неруҳои  зеҳниву  малакаи таҳлилгарии  кишвар  дар асоси беҳтарин асарҳои панду ахлоқии гузаштагон, бузургони олам ва асарҳои нависандагони муосир  адабиёти бадеии бачагонаро  ба насли наврасу ҷавон расонида, дар тарбияи онҳо  имрӯз нақши калидӣ бозида тавонад.

Ҳабиб Сулаймонӣ зикр дошт, ки «тибқи ҳисоботи оморӣ, дар ҷумҳурӣ  2 миллиону 57 ҳазору 200 нафар кӯдакону наврасон ба ҳисоб гирифта шуда, ҳамзамон ҳар сол 200 ҳазор таваллуди кӯдак ба қайд гирифта мешавад. Ин маънои онро дорад, ки дар  5 соли оянда барои як миллион насли навраси муассисаҳои томактабии ҷумҳурӣ адабиёти  аз  синни 3 то 7-сола зарур мешавад. Инчунин  таҳия ва омода намудани асарҳои бачагона бояд, ки қабл аз ин тарҳрезӣ карда шавад».

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои илмомӯзиву донишандӯзии насли наврасу ҷавон  шароиту имконияти зарурӣ фароҳам овардааст ва ҳар кӯдак метавонад дар ин муҳит истеъдоди худро ошкор намуда, рушд диҳад.

Мавсуф тазаккур дод, ки «агар мо аз ҳар номгӯй китобҳои бачагона 500 нусхагӣ чоп намоем, дар ҳоле, ки қариб се миллион хонанда дар ҷумҳурӣ ба таҳсил фарогиранд, онҳоро пурра бо ғизои   маънавӣ таъмин карда наметавонем.  Дар ин ҳол чопи ҳар номгӯй китоб  аз 5000 то 10 000 нусха  ба мақсад мувофиқ хоҳад буд. Зиёд гардидани теъдоди китобҳои бачагона ба паст рафтани нархи китоб мусоидат хоҳад кард». 

Ҳабиб Сулаймонӣ иброз дошт, ки «адабиёти бачагона ҷузъи муҳими адабиёт аст, зеро донишу ҷаҳонбинӣ, завқи зебоипарастӣ ва афкори кӯдак маҳз дар натиҷаи мутолиаи асаре, ки мувофиқи завқи кӯдак мебошад, ба вуҷуд меояд. Барои ҳавасмандӣ ба китоб ва дар замири кӯдакон ҷой намудани меҳри он волидайн муваззафанд. Зеро китоб дӯстест, ки ба ту хиёнат намекунад, рафиқест, ки туро хаста намекунад, роҳнамоест, ки туро ба бадбахтӣ намеандозад. Ҳар чӣ бештар ба китоб бингарӣ, туро баҳраманд месозад ва истеъдодҳоятро шукуфо, забонатро шево ва сохторатро зебо мегардонад. Ҳар чӣ бештар китоб бихонӣ, суханону калимаҳои зебое аз забонат берун хоҳанд омад ва дар натиҷа хурсанду ором хоҳӣ гашт».

Орзу мекунем, ки дар зиндагии мардуми тоҷик китоб наздиктарин мунис ва дӯсташон бошад, зеро ба гуфтаи шоир:

Он ёр, ки хомӯшу сухангӯст, китоб аст,
Он кас, ки накухоҳу накухӯст, китоб аст.
Он дӯст, ки бе ранҷу таманнову таваққуъ
Бошад ба ҷаҳон аз дилу ҷон дӯст, китоб аст.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

 

Апрель 2, 2021 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии Хутали қадим бо мавзеъҳои таърихии ноҳияи Ховалинг шинос шуданд
Иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии Хутали қадим бо ҳафриёти бостоншиносӣ дар шаҳристони Ҳулбук шинос мешаванд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Дар Суғд таҳти унвони «Ушшоқи Раҳмонӣ» фестивал–озмуни байналмилалӣ доир шуд
Имрӯз дар Бохтар Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» оғоз мегардад
«Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Аз 10 то 14 май Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» доир мегардад
«ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД». Таҳти ин унвон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз шуд
Имрӯз дар Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» муайян мегарданд
ЁДИ ШОИР. Дар Ҳисор ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ доир шуд
7 МАЙ — РӮЗИ ТЕЛЕВИЗИОН, РАДИО ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ АЛОҚА. Рушди соҳаи иттилоот ва алоқа дар Тоҷикистон ба рақамикунонии миллӣ равона гардидааст
Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Покистон дар Тоҷикистон баррасӣ карда шуд
Намояндаи САҲА оид ба озодии ВАО Ян Браату: Дастрасӣ ба иттилои расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд аст

Маводҳои таҳлилӣ