Падари Президенти Туркманистон аз олам даргузашт

Апрель 19, 2021 17:02

ДУШАНБЕ, 19.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Падари Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар синни 89-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи Агентии давлатии иттилооти ин кишвар хабар медиҳад.

 Мяликгули Бердимуҳамедов «ҳаёти худро ба халқи худ ва ватани худ бахшида, намунаи шикастнопазири ватандӯстӣ ва инсондӯстиро нишон дод», — гуфта мешавад дар паём.

Дар оғози фаъолияти меҳнатӣ ӯ ба ҳайси китобдор ва баъдтар ба  сифати муаллими синфҳои ибтидоӣ кор кардааст. Аз соли 1958 то 1982 Мяликгули Бердимуҳамедов дар Вазорати корҳои дохилӣ фаъолият намудааст. Пас аз ба нафақа баромадан ӯ омӯзгориро идома медиҳад.

Номи падари Президенти Туркманистон ба қисми низомии №1001-и пойтахт ва маҷмааи истиқоматии Чоганлӣ гузошта шудааст.

Соли 2012 дар деҳаи Изгант (дар вилояти Ахал) муҷассамаи якумрӣ барояш кушода шуд.

АКС: Altyn Asyr TV (Золотой век) — Телевизиони  давлатии ҷамъиятиву сиёсии Туркманистон

Апрель 19, 2021 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа