«ПАРАСТУ-2021». Даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ охири моҳи май баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 26.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Даври ниҳоии Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2021» ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон охири моҳи майи соли равон баргузор мегардад.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, даври минтақавии фестивал нимаи аввали моҳи апрел гузаронида шуд. Айни замон масъулини аксари театрҳои мамлакат номгӯи намоишҳои нави худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод намуда, аз ҳаводорону шавқмандон даъват ба амал овардаанд, ки толорҳои театрҳои ҷумҳуриро холӣ намонда, ҳунармандонро мухлисӣ кунанд.
Ёдовар мешавем, ки Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ ва анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ гузаронида мешавад.
Акс аз бойгонӣ








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






