Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон бо мудири иҷроияи «ISC»-и Малайзия мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 15.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Куала-Лумпур дирӯз мулоқоти маҷозии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо роҳбари яке аз ширкатҳои бонуфузи сайёҳии Малайзия «ISC« Остин Зекка баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкории тарафайн баррасӣ гардида, ба ҷониби малайзиягӣ таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ ҳамчун самти афзалиятнок ва калидӣ барои рушди иқтисоди миллӣ, хусусан роҳандозии имтиёзҳои муҳими андозию гумрукӣ, тартиби содаи дастрас намудани раводиди Тоҷикистон ба ҷаҳонгардон ва пешниҳоди раводиди бисёркаратаи 5-сола ба сармоягузороне, ки то як миллион доллар ворид месозанд, маълумот дода шуд.
Остин Зекка изҳор дошт, ки лоиҳаи таблиғотии “Malaysia Truly Asia”-ро тарҳрезӣ намудааст, ки дар натиҷаи роҳандозии он Малайзия ба яке аз кишварҳои рушдёфта дар дунё дар самти сайёҳӣ табдил ёфт.
Ҳамчунин ҷониби малайзиягӣ зимни мулоқот ҳавасмандии худро оид ба бартарияти сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла иқлими мусоид, обу ҳавои тозаи экологӣ ва меҳмоннавозии тоҷикона баён намуд.
Остин Зекка зикр намуд, ки бо дарназардошти иқлими мусоид дар Тоҷикистон бо бародараш Адриан Зекка- муассис ва роҳбари яке аз машҳуртарин ширкати резортсозӣ (меҳмонхона) дар дунё бо номи «Aman» масъалаи сохтани меҳмонхонаро дар Тоҷикистон баррасӣ хоҳад намуд.
Ширкати мазкур дар кишварҳои Тайланд, ИМА, Чин, Япония, Туркия, Италия ва дигар давлатҳо зиёда аз 36 резорти панҷситорадор дорад.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ аз Остин Зекка даъват ба амал овард, ки дар вақти барояш мусоид ба Тоҷикистон ташриф орад. Ин даъват бо хушӣ пазируфта шуд.








ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид






