Раванди татбиқи лоиҳаи «Рушди устувор» дар меҳвари мулоқоти Баҳодур Шерализода ва Филипп Марсийон қарор гирифт

Апрель 28, 2021 14:03

ДУШАНБЕ, 28.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раванди татбиқи лоиҳаи «Рушди устувор», ки соли 2019 оғоз ёфтааст, дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Баҳодур Шерализода  ва роҳбари ширкати фаронсавии «Шивер Тоҷикистон» Филипп Марсийон баррасӣ гардид.

Кумитаи ҳифзи  муҳити зисти назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки мақсади лоиҳаи «Рушди устувор» ташаккули фарҳанги экологии муштариён, кормандон, идоракунии партовҳо, сарфаи энергия ва об, кор бо маводи бастабандӣ, кам кардани истифодаи маҳсулоти пластикӣ, хусусан халтаҳои полиэтиленӣ мебошад.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода доир  ба корҳои анҷомдодашуда дар доираи лоиҳа ибрози назар намуда, таваҷҷуҳи намояндагони ширкати фаронсавии «Шивер Тоҷикистон» -ро ба татбиқи минбаъдаи чорабиниҳое, ки дар доираи лоиҳа ба нақша гирифта шудаанд, ҷалб намуд ва омодагии худро барои ҳамкории   минбаъда  иброз дошт.

Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ сурат гирифта, мусоҳибон вобаста ба масъалаҳои баррасишуда ба  мувофиқа расиданд.

АКС аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист

Апрель 28, 2021 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд