Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд соҳиби китобхона гардид

Апрель 1, 2021 08:31

ДУШАНБЕ, 1.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд барои кормандони Раёсат — гумрукчиён китобхона таъсис дода шуд. Ин тадбир дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешида шудааст, мегӯяд китобдори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ Зӯҳро Ҳасанзода.

Мавсуф афзуд, ки китобхона бо мақсади  баланд бардоштани завқи  китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, арҷ гузоштан ба  арзишҳои миллию  фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ, таҳкими худшиносӣ ва ҷаҳони маънавии  кормандон бо кумаку дастгирии бевоситаи  сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд Баҳром Исматуллозода таъсис дода шудааст.

Китобхонаи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дорои адабиёти  гуногун- илмӣ-оммавӣ, бадеӣ, адабиёти ҷаҳон, ҳуқуқ, адабиёти классикони форс-тоҷик, муосир ва рӯзномаю  маҷаллаҳо мебошад. Дар рафу ҷевонҳои китобхона китобҳои Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин адабиёти гуногун бо забонҳои хориҷӣ ва бо ҳуруфоти ниёгон чоп гардида, дар маҷмӯъ беш аз ҳазор нусха китоб ҷойгир кунонида шудааст.

Мақомоти гумруки кишвар тасмим гирифтааст, ки дар оянда дар раёсатҳои минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлон, Бадахшон, Турсунзода ва Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони гумруки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ китохонаҳо таъсис диҳад.

Ифтитоҳи китобхона дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар ҳолест, ки Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёмашон ба Парлумони мамлакат бори дигар ба китоб, китобхонӣ ва китобхонаҳо баҳои баланд

дода, гуфтанд, ки «китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими  илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули  ақлу заковати  мардуми соҳибтамаддун, омили  асосии  ҳифзи  фарҳанги миллӣ  ва яке аз муҳимтарин  воситаҳои  маърифатнок намудани аҳли ҷомеа буда, қобилияти  сухандониву  суҳанрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ намуда, ӯро ба роҳи дурусти  зиндагӣ роҳнамоӣ мекунад».

Ҳамзамон Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки ҳар сол  озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон –Ватани ман»  миёни таълимгирандагони муассисаҳои  томактабӣ, мактабҳои ибтидоӣ –миёна, муассисаҳои олӣ  доир шуда, тавассути онҳо хонандагон ба китобу китобхонӣ ҷалб  карда шаванд. Дар ин росто,  масъулинро муваззаф сохтанд, ки минбаъд фаъолияти  хуби китобхонаҳоро  дар мақомот, ташкилот, муассисаю корхонаҳо ва ҷамоатҳои деҳот  таҳти назорат гирифта, китобхона бунёд созанд ва онҳоро  бо китобҳои бадеӣ ва дигар адабиёт, инчунин осори  адибони ватанию ҷаҳонӣ таъмин созанд.

Апрель 1, 2021 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид