Раёсти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд: Аз 1 апрел то 15 июн сайди моҳӣ манъ аст
ДУШАНБЕ, 04.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд хабар додааст, ки аз 1 апрел то 15 июни соли 2021 дар давраи тухмгузории моҳиҳо хама гуна сайди моҳӣ манъ карда шудааст. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ин тадбир бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят, фароҳам овардани шароити мусоид ба ҷараёни афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар давраи тухмгузории моҳӣ роҳандозӣ гардид.
Гуфта мешавад, ки дар асоси моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», моддаҳои 31 ва 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот», моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ», ва банди «а» моддаи 17-и «Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои дорои аҳамияти моҳидории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ин марҳила сайди моҳӣ манъ аст.
АКС аз бойгонӣ








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






