Сафири Тоҷикистон бо президенти Палатаи савдо ва саноати Россия мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 15.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 14 апрели соли 2021 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Сергей Катирин баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Россия хабар медиҳад.
Тарафҳо дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба роҳҳои таҳкими шарикӣ миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Россия табодули афкор намуданд.
Имомуддин Сатторов ва Сергей Катирин зарурати баргузории форумҳои тиҷоратӣ ва намоишгоҳҳои соҳавиро бо мақсади мубодилаи афкор ва таҷрибаи соҳибкорони ду давлат таъкид карданд.
Дар зимн намояндаи навтаъйини Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Шарифов ба ҳозирин муаррифӣ гардид.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагиро ҷиҳати мусоидат ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Россия дар соҳаҳои иқтисоду савдо ва сармоягузорӣ изҳор карданд.
Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум доир шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР








Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






