Сафири Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси миллии Афғонистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 23.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ бо Раиси Мишрону Ҷирга (Маҷлиси миллӣ)-и Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Фазлҳодӣ Муслимёр 19 апрел баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот иброз намуд, ки ташкили Гурӯҳи дӯстии парлумонӣ, фаъол намудани муносибатҳои байнипарлумонӣ ва табодули боздидҳо байни гурӯҳҳои дӯстӣ аз омилҳои муҳими таҳкими муносибот миёни ду кишвари дӯсту бародар ба ҳисоб мераванд. Пешниҳод шуд, ки анъанаҳои таҳкими равобити густарда миёни Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллии Афғонистон ривоҷ ёбанд.
Раиси Маҷлиси миллии Афғонистон бо ишора ба ҳамсоягии нек ва равобити густарда миёни Тоҷикистон ва Афғонистон иброз намуд, ки аз мардум ва Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузор аст, зеро ҳамеша дар талоши хатми ҷанги Афғонистон буданд. Вай муносиботи ҳасанаи ду кишвари бародарро барои якдигар бисёр арзишманд хонд.
Инчунин 21 апрел Сафири Тоҷикистон бо Вазири маодин ва нафти Афғонистон Муҳаммадҳорун Ҷаҳонсурӣ мулоқот намуд.
Дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Саридораи геологияи Тоҷикистон ва Вазорати маодин ва нафти Афғонистон дар самти истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ, канданиҳои фоиданок, нафту газ, сангу филизоти қиматбаҳо ва табодули таҷрибаи мутахассисони соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКСҲО аз Сафорати Тоҷикистон дар ҶИА








Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






