Саидмурод Фаттоҳзода ва Валериу Кивер масъалаҳои таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилоотии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд

Апрель 9, 2021 08:20

ДУШАНБЕ, 09.04.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо Роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе Валериу Кивер мулоқот намуд.

Тавре аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дурнамои рушди муносибатҳои мутақобилан судмандро бо таваҷҷуҳ ба таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

Зимни мулоқот Саидмурод Фаттоҳзода омодагии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар роҳи таҳкими ҳамкории муштарак бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, аз ҷумла оид ба рушди қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт.

Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Валериу Кивер изҳор намуд, ки «Дафтари барномаҳои САҲА солҳои зиёдест, ки мустақиман бо кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот ва дар маҷмӯъ бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи якчанд барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла оид ба рушди қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич дорад».

Валериу Кивер инчунин зикр намуд, ки «ҳангоми таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилоот Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе коршиносони сатҳи байналмилалӣ ва ватаниро ҷалб намуд, ки дар ин самт корҳои зиёде оид ба омӯзиши қонунгузории амалкунанда, амалия ва таҳлили муқоисавии қонун ва кодексҳои кишварҳои дигар анҷом дода шуданд».

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин оид ба тарҳрезии дурнамои ҳамкории дуҷониба табодули назар сурат гирифт.

Апрель 9, 2021 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид