Сарвазири мамлакат ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон сафари корӣ намуд
ДУШАНБЕ, 13.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон, ки имрӯзҳо бо дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дидан намуд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар оғози сафар Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ҳайати гурӯҳи корӣ дар Ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқули ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Масоҳати умумии бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқули ноҳия 0,22 га буда, аз 2 ошёна бо таҳхона ва аз 18 утоқи корӣ, 1 адад толори хурд барои баргузории маҷлисҳо иборат аст.
Фармоишгари бинои маъмурӣ Кумитаи заминсозӣ ва геодезии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчӣ ҶДММ «Иморат-сохтмон» мебошад.
Зикр шуд, ки зимни корҳои сохтмонӣ аз 20 то 30 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Атрофи бинои мазкур чароғон ва ободу зебо гардонида шуда, гулу буттаҳо ва ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шудааст.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки имрӯз бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода якчанд иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Аксҳо аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид






