Сарвазири мамлакат ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон сафари корӣ намуд

Апрель 13, 2021 11:30

 ДУШАНБЕ, 13.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода  дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон,  ки имрӯзҳо бо дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дидан намуд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар оғози сафар Қоҳир Расулзода  ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ҳайати гурӯҳи корӣ дар Ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқули ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Масоҳати умумии бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқули ноҳия 0,22 га буда, аз 2 ошёна бо таҳхона​ ва аз 18 утоқи корӣ, ​ 1 адад толори хурд барои баргузории маҷлисҳо иборат аст.

Фармоишгари бинои маъмурӣ Кумитаи заминсозӣ ва геодезии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчӣ ҶДММ «Иморат-сохтмон» мебошад.

Зикр шуд, ки зимни корҳои сохтмонӣ аз 20 то 30 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Атрофи бинои мазкур чароғон ва ободу зебо гардонида шуда, гулу буттаҳо ва ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шудааст.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки имрӯз бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода якчанд иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.

 Аксҳо аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Апрель 13, 2021 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Хайринисо Идрисова: «Дастарӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид