СММ ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ дар коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ дар соҳаи сохтмон кумак менамояд

Апрель 27, 2021 12:56

ДУШАНБЕ, 27.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Таҳти сарпарастии Комиссияи иқтисодии СММ дар Аврупо лоиҳа оид ба баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ дар сохтмон дар ҳафт кишвар: Арманистон, Гурҷистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Украина ва Ӯзбекистон оғоз ёфт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти ахбори СММ.

Ҳоло 40 фоизи маҷмӯи партовҳои ҷаҳонии CO2, ки ба равандҳои энергетикӣ ва истеҳсолӣ вобаста мебошанд, ба соҳаи  сохтмон рост меояд. Барои ба сатҳи «сифр» расонидани партовҳои ин соҳа то соли 2050 зарур аст, ки то соли 2030 партовҳои мустақими CO2 ду баробар коҳиш дода шаванд.

Лоиҳаи нав бояд ба бунёди биноҳои пурмаҳсул, танзими таҳвили масолеҳ барои сохтани маводи нигоҳдорандаи энергия, технологияҳо ва таҷҳизот мусоидат намояд.

Лоиҳа инчунин ба он нигаронида шудааст, ки самараи биноҳои нигоҳдорандаи энергия бо саҳмияҳои дар сатҳи миллӣ муайяншуда дар мубориза бо гармшавии глобалӣ ва мусоидат ба рушди устувор ба ҳам пайваст карда шаванд. Сухан на танҳо дар бораи сарфаи энергия дар рафти сохтмон, балки инчунин дар бораи нигоҳ доштани усулҳои аз ҷиҳати энергетикӣ муассири мудирияти биноҳо меравад.

ДАР АКС: намои пойтахти Гурҷистон- Тбилиси. Акси СММ — Гурҷистон/А.Нестеренко

«Агар як соҳае мавҷуд бошад, ки дар он ҷаҳон битавонад барои ноил шудан ба ҳадафҳои Рӯзномаи рушд то давраи соли 2030 тадбирҳои қатъӣ биандешад, пас ин — баланд бардоштани самаранокии саноати сохтмони ҷаҳонӣ мебошад», — изҳор кард Котиби иҷроияи ЕЭК СММ Олга Алгаёрова.

Ба гуфтаи вай, маблағгузории сохтмони биноҳои пурмаҳсул ва навсозии  биноҳои мавҷуда метавонад ба зудӣ иқтисоди маҳаллиро ҷоннок кунад, ҷойҳои кории муносибро дар тамоми занҷираи саноати сохтмон фароҳам оварад ва беҳтар шудани шароити зиндагиро барои бисёриҳо таъмин созад.

Муаллифони лоиҳа умедворанд, ки ташаббусҳо, роҳҳои ҳал, усулҳо ва афзорҳои дар он пешбинишуда метавонанд дар дигар кишварҳои минтақа, аз ҷумла дар доираи таъминоти байналмилалӣ дар бахши сохтмон истифода шаванд. Хусусияти инноватсионии лоиҳа аз он иборат аст, ки он муносибати маҷмӯиро ба тамоми занҷираи таъминоти бахши сохтмон барои сохтани биноҳое дар назар дорад, ки аз ҷиҳати нишондиҳандаҳои энергетикӣ, экологӣ ва сифат аз биноҳои мавҷуда бамаротиб беҳтаранд.

Дар солҳои охир партови газҳои гулхонаӣ дар соҳаи сохтмон, ки бо равандҳои энергетикӣ ва истеҳсолӣ вобаста мебошанд, афзоиш меёбад. Қисман ин ба даст кашидан аз истифодаи ангишт, нафт ва биомассаҳои анъанавӣ ва ба неруи барқ гузаштан ​​вобастагӣ дорад. Бо вуҷуди ин, барои тавлиди неруи барқ то ҳол асосан ​​ сӯзишвории канданиҳои фоиданок истифода мешаванд, ки ин осори калони карбонӣ боқӣ мегузорад.

Муаллифони лоиҳаи нав мутмаинанд, ки коҳиши фаъоли талабот ба энергия дар сохтмон, бекарбонкунонии соҳаи энергетика ва истифодаи маводи аз ҷиҳати энергетикӣ самаранок раванди тағирёбии иқлимро суст мекунад ва ба иқтисод фоидаи назаррас меорад.

Коршиносон аз мақомот даъват мекунанд, ки лоиҳаҳои бозсозии  биноҳоро дастгирӣ кунанд, сармояҳоро ба сохтмони инфрасохторҳои «кам-карбондор» равона кунанд ва ширкатҳоеро, ки таъминоти масолеҳи аз лиҳози энергетики босамар ва ҷойҳои кории «сабзро» фароҳам меоранд, дастгирӣ кунанд.

Бояд зикр кард, ки имрӯз аллакай зиёда аз 55 фоизи тамоми сокинони сайёра дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд. То соли 2050 75 фоизи аҳолии кураи Замин шаҳрнишин хоҳад шуд. Афзоиши босуръати шумораи сокинони шаҳр имконияти навро, аз ҷумла дар соҳаи саноатикунонӣ фароҳам меорад, вале ҳамзамон боиси ифлосшавии муҳити атроф мегардад.

Аз ин рӯ, қарорҳое, ки дар даҳсолаҳои наздик қабул карда мешаванд, аз ҷумла дар бораи инфрасохтори шаҳрӣ, ба шумули сохтмони  биноҳои аз ҷиҳати энергетикӣ самаранок, ба ояндаи башарият таъсири ҳалкунанда мерасонанд.

Ёдовар мешавем, ки дар гузориши якуми дусолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба инвентаризатсияи газҳои гулхонаӣ дар доираи Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (2018) омадааст: «Дар сурати маблағгузории назарраси байналмилалӣ ва таҳвили технологияҳо, зарфияти коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сатҳи соли 1990 то соли 2030 ба андозаи 65-75% таъмин карда шавад, ки ин ба ҳар сари аҳолӣ 1,2-1,7 тоннаро ташкил медиҳад. Ин дар сурати татбиқ шудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва барномаҳои миллӣ дар соҳаи энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал ва идоракунии захираҳои об, коҳиши хатари офатҳои табиӣ, зиёд ва диверсификатсияи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, кам кардани талафоти энергия, навсозӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои нав ва рушди бахшҳои иқтисодиёт имконпазир хоҳад шуд».

Тавре ки қаблан Хадамоти ахбори СММ иттилоъ дода буд, бо мақсади коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як мизи мудаввар дар Конфронси 3-юми ҷаҳонии иқлим дар Женева соли 2009 пешниҳод намуданд, ки захираҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ фаъолона аз худ карда шаванд.

«Зарурати андешидани тадбирҳои таъҷилӣ ҷиҳати рушд ва азхудкунии манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва технологияҳои камхарҷи энергетикӣ, ки сатҳи вобастагиро аз намудҳои анъанавии энергияи ба муҳити зист зарари калонрасонанда коҳиш медиҳанд, фаро расидааст», — изҳор намуданд Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат таъкид карданд, ки саҳми асосии партовҳои газҳои гулхонаӣ ба бахшҳои саноат ва энергетика рост меояд. Дар Осиёи Марказӣ тақрибан 70% -и неруи барқ дар неругоҳҳои ҳароратӣ, ки ҳар сол миллионҳо тонна газҳои гулхонаиро ба атмосфера партов менамоянд, истеҳсол мешавад.

«Ин дар ҳолест, ки минтақа дорои иқтидори азими гидроэнергетикӣ мебошад, ки ҳоло танҳо 10% он истифода мешавад. Танҳо дар Тоҷикистон иқтидорҳои эҳтимолии солонаи гидроэнергетикӣ беш аз 527 миллиард кВт соатро ташкил медиҳанд, ки ин аз эҳтиёҷоти кунунии ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ се маротиба зиёдтар аст», — зикр намуданд Президент.

Ба гуфтаи Пешвои миллат, азхудкунии онҳо имкон медиҳад, ки на танҳо партови гази карбон ба атмосфера коҳиш ёбад, балки неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва арзон истеҳсол карда шавад ва ин дар навбати худ имкон медиҳад, ки ба гирифтани қарзҳои карбонӣ тибқи шартҳои Протоколи Киото умед баста шавад.

Президент гуфт, ки кишвараш роҳи рушди маҷмӯии зарфияти мавҷудаи гидроэнергетикиро пеш гирифтааст, ки ин имкон медиҳад на танҳо талаботи афзояндаи миллӣ, балки ниёзҳои кишварҳои ҳамсоя низ таъмин карда шавад.

«Мехостам зикр намоям, ки аз байни зиёда аз 200 давлати ҷаҳон, Тоҷикистон аз рӯи вазни қиёсии партови гази карбон дар ҷои 150-ум — дар гурӯҳи кишварҳое, ки ҳаҷми камтарини партови газҳои гулхонаӣ доранд, ҷойгир аст. Партовҳои газҳои гулхонаӣ ба як нафар дар Тоҷикистон як дараҷа камтар аз ҳисоби миёнаи ҷаҳонӣ мебошанд ва дар Осиёи Марказӣ кишвар аз рӯи партовҳо дар ҷои охирин қарор дорад. Сабаби асосии ин-  истифодаи неруи барқи обӣ мебошад. Зиёда аз 95% энергияро дар кишвар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мекунанд, ки дар тафовут бо неругоҳҳои ҳароратӣ манбаи партовҳои зараровар намебошанд», — гуфт Президенти Тоҷикистон.

                   ДАР АКСИ БОЛО: намуди Киев. Акси СММ Украина/В.Шувае

Апрель 27, 2021 12:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дэвид Кэмерон: «Британия мехоҳад лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикии истеҳсолкунандаи энергияи сабзро дар Тоҷикистон дастгирӣ кунад»
Байни Душанбе ва Лондон парвозҳои мустақим ба роҳ монда мешаванд
Котиби давлатии Британияи Кабир оид ба корҳои хориҷӣ Дэвид Кэмерон ба Тоҷикистон ташриф овард
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкории байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду мамлакатро матраҳ намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба нақлиёти устувор иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии савдо рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ ва инноватсияро баррасӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳаштуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳднома оид ба ҳампаймонӣ муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистонро ба сатҳи сифатан нав мебарорад»
Донишҷӯёни тоҷике, ки дар Русия таҳсил доранд, даъват шуданд, ки илм омӯзанд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Намояндаи Тоҷикистон дар машваратҳои ғайрирасмӣ дар сатҳи сафирон оид ба Саммити Оянда иштирок намуд