Sputnik: Москва интизори омадани муҳоҷирон аз Тоҷикистон аст

Апрель 15, 2021 12:44

ДУШАНБЕ, 15.04.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Мақомоти Москва интизоранд, ки маҳдудият барои ворид шудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба наздикӣ  бекор хоҳад шуд. Ин аз вазъи эпидемиологӣ вобаста аст, гуфт муовини раиси пойтахти Россия оид ба сиёсати иқтисодӣ ва муносибатҳои моликият ва замин Владимир Ефимов ба хабарнигорон. Дар ин бора Агентии иттилоотии русии “Sputnik” хабар  медиҳад.

«Мо, албатта, чунин мешуморем, ки маҳдудият барои воридшавии муҳоҷирони меҳнатиро бартараф кардан зарур аст»,- иброз намуд намояндаи шаҳрдории пойтахт.

Ефимов илова намуд, ки бекор кардани маҳдудият комилан аз мақомоти ваколатдор – “Роспотребнадзор” вобаста аст.

Вай зикр  кард, ки барои тартиби қабули қарорҳо дар бораи таъмини қувваи корӣ  лоиҳаҳое мавҷуданд, ки ба онҳо ниёзи сахт доранд.

Аз ҷумла, барои коҳиш додани вазъ дар Ӯзбекистон маркази муҳоҷират ифтитоҳ шудааст, ифтитоҳи чунин марказ дар Тоҷикистон низ дар назар аст, –гуфт Ефимов.

Ба гуфтаи муовини раиси шаҳр, ин на танҳо кор дар доираи маҳдудияти мавҷуда аст, балки ифтитоҳи чунин марказҳо дар хориҷа барои оянда иқтидори калонро доро аст, зеро барои интихоби пешакии мутахассисон имкон медиҳад.

 

АКС: © Sputnik / Павел Лиситсин

Апрель 15, 2021 12:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид