СУРАТ-ДАЛЕЛ. Ба 315 оилаҳои ниёзманди Ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон кӯмаки яквақтина расонида шуд
ДУШАНБЕ, 22.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон Нуриддин Абдукаримов ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар моҳи шарифи Рамазон ба 315 оилаҳои ниёзманди ҳудуди ҷамоат ба маблағи 153000 сомонӣ кӯмаки яквақтина расонида шуд.
Кумаки мазкур аз маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равған, биринҷ, шакар, макарон ва пиёзу картошка иборат буд.