АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
ДУШАНБЕ, 09.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Либоси миллӣ ҳамчун қисми муҳими фарҳанг таърих ва анъанаҳои давлатро таҷассум мекунад. Ҳар миллат фарҳанги худро дар либоси миллӣ инъикос менамояд. Либосро метавон «шиносномаи миллат» номид, зеро он мансубияти иҷтимоӣ, ҷинсӣ, мақом ва ҷойгоҳи шахсро дар ҷомеа нишон медиҳад. Фарҳанги ғании халқи тоҷик яке аз унсурҳои асосии ҳувияти миллии он ба шумор меравад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон ҳамеша аҳамияти либоси миллиро таъкид намуда, нақши занонро дар ҳифз ва тарғиби он муҳим мешуморанд. Пешвои миллат борҳо занони мамлакатро ба риояи дурусти либоси миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ даъват намуданд.
Атлас ва адрас
Атлас ва адраси тоҷикӣ шуҳрати ҷаҳонӣ касб кардаанд. Ин матоъҳо ба дастури тавсиявии либос барои занон дохил гардида, симои зебо ва хоси зани тоҷикро муаррифӣ менамоянд.
Ин матоъҳо хусусияти нодир доранд: ҳавогузаронии хуб ва қобилияти баланди ҷаббиши намӣ, ки ба нафаскашии пӯст мусоидат намуда, аз арақкунӣ пешгирӣ мекунад. Вобаста ба тарзи ороиш ва рангу нақш адрас номҳои гуногун дошт: пудавлон, сабзи рожӣ, зангзада, сафед, бунафш, барги карам, хумӣ, нағора, шонагӣ, мурғобӣ, галашо ва ғайра.
Ҳунари атласбофӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Самарқанд, Конибодом, Андиҷон ва дигар минтақаҳои Осиёи Марказӣ рушд ёфта буд. Дар Хуҷанд атласи хушсифатро «атласи хонагӣ» меномиданд, ки дар дастгоҳҳои махсус бофта мешуд. Навъҳои маъруфи он атласи шоҳбулутӣ, барги карам ва сиёҳ буданд. Атласи абрешимӣ барои либоси занона ва нимабрешимӣ барои кӯрпаҳо истифода мегардид.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ ривоятҳои зиёде дар бораи пӯшидани либосҳои атласӣ аз ҷониби подшоҳон ва ҳокимон иброз шудаанд. Тибқи маълумоти таърихнигор Қозӣ Минҳоҷи Сироҷи Ҷузҷонӣ дар асараш, султон Алоуддини Ғурӣ ба ҷанг бо хилъати атласӣ мерафт, то ки дар мавриди захмӣ шудан хуни ӯ аз зери либос намоён нагардад ва руҳияи сарбозон суст нашавад.
4 декабри соли 2023 дар шаҳри Касанеи Ҷумҳурии Ботсвана ҷаласаи 18-уми Кумитаи байниҳукуматии мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО оғоз гардида, 5 декабр номинатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Анъанаҳои атласу адрасбофӣ» ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Имрӯзҳо дар Душанбе ва Хуҷанд «Фестивали атлас» ва озмуни «Атласи тоҷик» баргузор мегарданд, ки беҳтарин намунаҳои тарроҳӣ ва дӯхти либосҳои миллӣ муаррифӣ карда мешаванд. Моҳи марти соли 2020 дар Хуҷанд фестивали «Атлас ва адраси тоҷик – 2020» бо иштироки Президенти Тоҷикистон баргузор гардид.
Бо мақсади ҳифзи фарҳанги миллӣ 20 июни соли 2024 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» қабул гардид, ки тибқи он воридот, фурӯш ва пӯшидани либоси бегонаи ба фарҳанги миллӣ номувофиқ манъ карда шудааст.
Чакан – рамзи ҳунари миллӣ
Фарҳанги тоҷикон на танҳо бо атлас, балки бо либоси миллии чакан низ машҳур аст. Чакан бо нақшу нигори нодири худ диққати ҳамагонро ҷалб менамояд.
Чакан асосан дар минтақаҳои ҷанубии Тоҷикистон, махсусан дар шаҳри Кӯлоб паҳн гардидааст. Онро бештар дар ҷашнҳо, бахусус Наврӯз ба бар мекунанд. Аз қадим чаканро рӯи матои сурх медӯхтанд, ки рамзи Офтоб аст. Гулдӯзӣ аз ҳафт ранг иборат буда, ҳар кадом маънои худро дорад.
29 ноябри соли 2018 дар ҷаласаи Кумитаи байниҳукуматии ЮНЕСКО дар Порт-Луии Маврикий ҳунари гулдӯзии чакани тоҷикӣ ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид гардид.
Чакан имрӯз дар тамоми минтақаҳои мамлакат истифода мешавад. Дар Помир онро рӯи матои сафед, дар шимол бо омезиши рангҳои гуногун, дар ғарб бо заминаи сабз ва дар ҷануб бештар бо заминаи сурх медӯзанд.
Гулдӯзии чакан кори заҳматталаб буда, маҳорат ва сабру тоқат талаб мекунад. Одатан ду ҳунарманд ба чакандӯзӣ машғул мешаванд: яке нақш мекашад, дигаре медӯзад.
Имрӯз ҳазорон духтарону занони тоҷик, ки дар хориҷи ҷумҳурӣ таҳсил ё фаъолият доранд, бо пӯшидани чакан ва атлас фарҳанги миллии тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд.
Фарида ҚУРБОНЗОДА,
ходими илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон — Узбекистон: иродаи устувор ва талошҳои муштарак дар роҳи таҳкими эътимод, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад






