СУРАТ-ДАЛЕЛ. Дар Норак аз масофаи 9 ҳазор метр қубури об гузаронида мешавад

Апрель 8, 2021 14:56

ДУШАНБЕ, 08.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал Султон Раҳимзода дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак лоиҳаи обёрии оби нӯшокӣ ва полезӣ амалӣ шуда,   аз масофаи 9 ҳазор метр, аз нақби Хатлон то деҳаи Найизирак қубури об гузаронида мешавад.

Ин иқдоми наҷиб имкон фароҳам меоварад, ки  7 ҳазор бех ниҳолҳои шафати шоҳроҳи Душанбе-Кулоб дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Дӯконӣ бо оби полезӣ ва  сокинони 38 хоҷагии деҳаи Найизирак, инчунин  хонандагону омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16  бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд.

Баҳри ҳарчи тезтар амалӣ гаштани лоиҳаи мазкур аҳолӣ, кормандони корхонаю муассисаҳои шаҳр дастаҷамъона ба ҳашар баромада, корҳои ободониро анҷом дода истодаанд.

Апрель 8, 2021 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

СУРАТГУЗОРИШ. Бунёдгузору бунёдсози «Роғун» — Кохи бузурги нури Тоҷикистон
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ! Дар истироҳатгоҳи «Гулхан» мактаббачагон ба бозиҳои шавқовари варзишӣ ҷалб шудаанд
СУРАТГУЗОРИШИ АМИТ «ХОВАР». Дар роҳи автомобилгарди қитъаи Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд
ТУ ШАҲРИ ГУЛБАДОМОНӢ, ДУШАНБЕ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз гулгашти назди Сирки давлатӣ
НАМОИШИ АСАЛ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории он дар ноҳияи Ховалинг
ЭЙ ДУШАНБЕ, ШАҲРИ БЕМОНАНДИ МАН! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Боғи ба номи Мироненкои ноҳияи Синои пойтахт
НОЗИРОНИ НАВРАСИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷараёни оғози озмун
СУРАТ-ДАЛЕЛ. Иштирокдорони Форуми XVIII Созмони ҳамкории Шанхай аз НБО-и «Роғун» дидан намуданд
ЗОДАГОНИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Қадамҳои устувори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ. Суратгузориши АМИТ «Ховар»
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз маросими ифтитоҳи Ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт дар Душанбе
ФЕСТИВАЛИ ҲУНАРМАНДОНИ ТОҶИКИСТОН. АМИТ «Ховар» аз рафти баргузории он дар Душанбе суратгузориш омода намуд