СУРАТ-ДАЛЕЛ. Дар Ёвон мумфаршкунии роҳҳо бомаром идома дорад
ДУШАНБЕ, 28.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон рӯз то рӯз корҳои созандагию ободонӣ вусъат меёбанд. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур ва саҳми соҳибкор Акбар Асадулло роҳи кӯчаи Меҳвар ва бо дастгирии соҳибкори дигар Баҳриддин Ҷурахонов роҳҳои кӯчаи Кароматулло Қурбонов ва як қисмати кӯчаи Мирзо Турсунзодаи шаҳраки Ёвон аз таъмири асосӣ бароварда шуда, мумфарш гардиданд.
Корҳо дар ин самт идома дошта, соҳибкорони мазкур тасмим гирифтаанд, ки то ҷашни миллӣ зиёда аз 10 км роҳҳои асосии шаҳраки Ёвонро асфалтпӯш намоянд.