Татбиқи харитаи роҳ ҷиҳати рушди долони иқтисодии «Чимкент — Тошканд — Хуҷанд» баррасӣ шуд

Апрель 22, 2021 09:47

ДУШАНБЕ, 22.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Семинари сеюми минтақавии маҷозӣ оид ба татбиқи харитаи роҳ ҷиҳати рушди долони иқтисодии «Чимкент — Тошканд — Хуҷанд» дар шакли видеоконфронс таҳти роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода баргузор гардид, иттилоъ медиҳад Вазорати рушди иқтисод.

Дар машварат намояндагони Бонки Осиёии Рушд (БОР), роҳбарони вазорату идораҳои кишварҳои иштироккунандаи долони иқтисодӣ, инчунин намояндагони бахши хусусӣ ширкат варзиданд.

Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар бораи ҳолати кунунии вазъи тиҷоративу иқтисодии кишвар, дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи савдои байналмилалӣ дар доираи дастуру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии пайомадҳои манфии пандемияи COVID-19 сухан гуфт.

Дар бораи лоиҳаи БОР «Долони иқтисодии байни Чимкент, Тошканд ва Хуҷанд», ки татбиқи он идома дорад, маълумот пешниҳод карда шуд.

Мутобиқи лоиҳа, татбиқи кумаки техникӣ ба анҷом расида,  ҷиҳати рушди ин долони иқтисодӣ харитаи роҳ тартиб дода шудааст.

Лоиҳа ба рушди ҳамкории фаромарзии иқтисодӣ, рушди минтақаҳои наздисарҳадӣ ва хидматрасонии тиҷоратӣ — логистикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Апрель 22, 2021 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд