Татбиқи Лоиҳаи «Беҳтаргардонии низоми ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар вилояти Хатлон, фазаи 2» ба муддати 17 моҳ дароз гардид

Апрель 9, 2021 08:42

ДУШАНБЕ, 09.04.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода бо роҳбари Лоиҳаи «Беҳтаргардонии низоми ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар вилояти Хатлон, фазаи 2» Ёшико Акияма ва муовини роҳбари лоиҳа Конхара Макико мулоқот намуда, атрофи лоиҳаи мазкур суҳбат намуд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Лоиҳаи «Беҳтаргардонии низоми ҳифзи саломатии модар ва кӯдак» дар вилояти Хатлон аз ҷониби Ҳукумати Япония маблағгузорӣ мегардад.

Зулфия Абдусаматзода миннатдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои дастгириҳои пайваста  ба Ҳукумати Япония дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ, махсусан ба модарон ва кӯдакон дар Тоҷикистон ва бахусус вилояти Хатлон изҳор намуд.

Инчунин зимни вохӯрӣ ҷараёни татбиқи Лоиҳаи «Беҳтаргардонии низоми ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар вилояти Хатлон, фазаи 2» мавриди муҳокимаи васеъ қарор гирифта, аз ҷониби роҳбари Лоиҳа Ёшико Акияма зикр шуд, ки он аз рӯи нақша бояд моҳи июли соли 2021 ба анҷом мерасид, вале бо сабаби сар задани пандемияи COVID – 19 аксарияти чорабиниҳо ба таъхир афтоданд. Бинобар ин, муҳлати татбиқи Лоиҳа ба муддати 17 моҳ дароз гардида,  он моҳи декабри соли 2022 ба анҷом мерасад.

Дар ин раванд ба таври илова корҳои бо обтаъминкунии беморхонаҳои марказии ноҳияи Кӯшониён ва шаҳри Левакант ба нақша гирифта шудаанд.

Инчунин ба масъалаҳои баланд бардоштани иқтидори кадрии мутахассисони беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа (Норак, Кӯшониён, Балҷувон, Ховалинг, Муъминобод ва Левакант) тавассути ба роҳ мондани омӯзишҳои пайваста, ҳамкории мутақобила байни сохтори госпиталӣ ва муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ таваҷҷуҳи хосса дода шуд.

Ҳамзамон масъалаи пешгирии сироят дар муассисаҳои пешгирию табобатӣ, бахусус сохтори госпиталӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ  ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд.

Аксҳо аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Апрель 9, 2021 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон бо озмоишгоҳҳои муосири таълимӣ таъмин гардиданд
Таҳкими ҳамкорӣ дар самти рушди ғизои мактабӣ бо намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ баррасӣ гардид
150 нафар соҳиби шаҳодатномаи маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» гардиданд
ОГОҲӢ! Аз 6 то 8 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид
Дар Кӯлоб аксари иншооти аз офати табиӣ осебдида барқарор гардида, оилаҳои зарардида соҳиби хонаҳои нав мешаванд
Дар Душанбе Форуми соҳибкории занон, сармоягузорӣ ва технология оғоз гардид
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. 24 истироҳатгоҳи мавсимии беруназшаҳрӣ барои қабули кӯдакону наврасон омода мебошанд
Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
Нахустин ҷаласаи Раёсати Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» баргузор шуд
Дар шаҳри Хуҷанд мавсими нави оббозӣ дар шиногоҳи соҳили дарёи Сир оғоз гардид
ОГОҲӢ! Аз 3 то 5 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад