Татбиқи Лоиҳаи «Беҳтаргардонии низоми ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар вилояти Хатлон, фазаи 2» ба муддати 17 моҳ дароз гардид
ДУШАНБЕ, 09.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода бо роҳбари Лоиҳаи «Беҳтаргардонии низоми ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар вилояти Хатлон, фазаи 2» Ёшико Акияма ва муовини роҳбари лоиҳа Конхара Макико мулоқот намуда, атрофи лоиҳаи мазкур суҳбат намуд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Лоиҳаи «Беҳтаргардонии низоми ҳифзи саломатии модар ва кӯдак» дар вилояти Хатлон аз ҷониби Ҳукумати Япония маблағгузорӣ мегардад.
Зулфия Абдусаматзода миннатдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои дастгириҳои пайваста ба Ҳукумати Япония дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ, махсусан ба модарон ва кӯдакон дар Тоҷикистон ва бахусус вилояти Хатлон изҳор намуд.
Инчунин зимни вохӯрӣ ҷараёни татбиқи Лоиҳаи «Беҳтаргардонии низоми ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар вилояти Хатлон, фазаи 2» мавриди муҳокимаи васеъ қарор гирифта, аз ҷониби роҳбари Лоиҳа Ёшико Акияма зикр шуд, ки он аз рӯи нақша бояд моҳи июли соли 2021 ба анҷом мерасид, вале бо сабаби сар задани пандемияи COVID – 19 аксарияти чорабиниҳо ба таъхир афтоданд. Бинобар ин, муҳлати татбиқи Лоиҳа ба муддати 17 моҳ дароз гардида, он моҳи декабри соли 2022 ба анҷом мерасад.
Дар ин раванд ба таври илова корҳои бо обтаъминкунии беморхонаҳои марказии ноҳияи Кӯшониён ва шаҳри Левакант ба нақша гирифта шудаанд.
Инчунин ба масъалаҳои баланд бардоштани иқтидори кадрии мутахассисони беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа (Норак, Кӯшониён, Балҷувон, Ховалинг, Муъминобод ва Левакант) тавассути ба роҳ мондани омӯзишҳои пайваста, ҳамкории мутақобила байни сохтори госпиталӣ ва муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ таваҷҷуҳи хосса дода шуд.
Ҳамзамон масъалаи пешгирии сироят дар муассисаҳои пешгирию табобатӣ, бахусус сохтори госпиталӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд.
Аксҳо аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






