«Тоҷик Эйр» аз Бонки миллии Тоҷикистон барои хизматрасонии махсус иҷозатнома дарёфт кард
ДУШАНБЕ, 01.04.2021 /АМИТ«Ховар»/. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси қарори марбута ба ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» барои анҷомдиҳии хизматрасонии махсус бо асъори хориҷӣ ба муддати 3 сол иҷозатнома дод.
Шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки мутобиқи қарори мазкур Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор уҳдадор аст дар Феҳристи дорандагони иҷозатнома барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ сабти дахлдор ворид намояд.
Бонки миллии Тоҷикистон қарори мазкурро мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» қабул намудааст.








ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд






