«Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ». Таҳти чунин унвон Намоишгоҳи нигораҳои таърихӣ дар Осорхонаи Гимеи Париж баргузор мегардад

Апрель 15, 2021 15:24

ДУШАНБЕ, 15.04.2021. АМИТ «Ховар»/. Аз 13 октябри соли 2021 то 10 январи соли 2022 Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии санъати шарқ-Гимеи шаҳри Париж таҳти унвони «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» ба нақша гирифта шудааст, ки аллакай шартнома оид ба баргузории он аз ҷониби мудирони Осорхонаи Гиме, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба имзо расидаанд. Айни замон омодагӣ ҷиҳати баргузории ин намоишгоҳ аз ҷониби Тоҷикистон идома дорад. Ин нуктаро 14 апрел Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода зимни мулоқот бо Сафири Ҷумҳурии Франсия дар Тоҷикистон Мишел Тарран баён дошт. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Сафири Ҷумҳурии Франсия дар Тоҷикистон Мишел Тарран зикр намуд, ки «Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар Осорхонаи Гимеи Франсия таҳти унвони «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» яке аз аввалин намоишгоҳҳои Тоҷикистон дар кишварҳои Аврупо мебошад, зеро ин намоишгоҳ дар он ҷо фарҳанг ва таърихи ғании миллати тоҷикро муаррифӣ менамояд. Намоишгоҳи мазкур дар замони хеле мувофиқ баргузор мегардад, зеро дар ин муддат дар кишвари мо истироҳатҳои идона хеле зиёданд, ки ин сафи тамошобинони франсуз ва сайёҳони хориҷиро зиёд хоҳад кард».

«Корҳои омодагӣ ба ин намоишгоҳ дар Осорхонаи Гиме идома доранд. Инчунин дар ҳошияи намоишгоҳи мазкур дар Осорхонаи Гиме намоишгоҳи дигар дастовардҳои Тоҷикистон, аз ҷумла, зарфияти сайёҳӣ, фарҳангӣ, рассомӣ, китобҳо, театру мусиқӣ ва ғайра ташкил карда мешаванд»,- афзуд Мишел Тарран.

Ёдовар мешавем, ки 29 октябри соли 2017  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  Абдуҷаббор Раҳмонзода ва собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Шамсиддин Орумбекзода барои иштирок дар Конференсияи генералии ЮНЕСКО  ба Франсия сафар намуда буданд.

Зимни ин сафар вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати фарҳанги Франсия, инчунин роҳбарияти Осорхонаи Гимеи Париж доир шуд. Зимни он ба нақша гирифта шуд, ки дар Осорхонаи Гимеи Париж намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон доир гардад.

Зимни баррасӣ ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи феврали соли 2020 бояд намоиш баргузор гардад. Аммо он бо сабабҳои номаълум ба таъхир гузошта шуд. Сипас соли 2020 ҷонибҳо дар назар доштанд, ки 14 октябри соли 2020 Намоишгоҳи нигораҳои таърихии халқи тоҷик дар Осорхонаи Гимеи шаҳри Париж баргузор гардад. Вале бо сабаби пандемияи COVID-19 намоиш баргузор нагардид.

Апрель 15, 2021 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст