Тоҷикистон ва Афғонистон дар бораи тартиби кор байни марказҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ санади ҳамкорӣ имзо намуданд

Апрель 7, 2021 10:25

ДУШАНБЕ, 07.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ва Афғонистон Созишнома дар бораи тартиби кори байни марказҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоии Душанбе — Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Кобул — Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ба имзо расонданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Санади мазкурро дар Душанбе Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода ва Сардори Раёсати авиатсияи граждании Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Қосим Вафозода имзо намуданд.

Созишномаи мазкур ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи маълумот дар самти амалишавӣ  ва танзим, ҳамоҳангсозӣ ва истифодаи фазои ҳавоӣ, таъмини тартиби низоми интиқоли назорат дар ҳаракати ҳавоӣ мусоидат менамояд.

Ҷонибҳо таъкид карданд, ки марказҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ барои мубодилаи иттилоот оид ба ҳама гуна тағйирот дар вазъи амалиётӣ, ки ба ҳаракати расмиёти амалиётӣ таъсир мерасонанд, огоҳ мебошанд. Он бояд мавҷудияти таҷҳизот ва хизматҳо, иттилооти метеорологӣ, робитаҳои иртиботӣ ва маҳдудияти иқтидор барои системаҳои ATS-ро дар бар гирад.

Мусоҳибон  омодагии худро барои идомаи ҳамкории фаъол дар соҳаҳои афзалиятнок баён намуданд.

Расм аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ.

 

Апрель 7, 2021 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ниҳодҳои олии аудити Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ беш аз 3 баробар зиёд гардидааст
Мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Зафаробод оғоз гардид
Бонки Осиёии Рушд механизми маблағгузории таҷдиди марзҳо ва мусоидат ба тиҷорат дар минтақаи ҲИМОМ-ро тасдиқ намуд
Рушди молияи давлатӣ: аз ташаккули низоми мустақили молиявӣ то идоракунии рақамии буҷет
Дар доираи татбиқи лоиҳаи озмоишӣ платформаи рақамӣ таҳия мегардад
Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар соҳаи саноат тақвият медиҳанд
Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ мулоқот намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД. Барои ҷомеаи муосири мо ин се даҳсола асри таҳаввулоти ҷиддии фикрӣ, технологӣ ва менеҷмент ба шумор меравад
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон иқтидори энергетикӣ ба 70 МВт расонида шуд
Ҳавопаймои хатсайри Душанбе–Минск бо маросими анъанавӣ истиқбол гирифта шуд
Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад