Тоҷикистон ва Афғонистон дар бораи тартиби кор байни марказҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ санади ҳамкорӣ имзо намуданд
ДУШАНБЕ, 07.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ва Афғонистон Созишнома дар бораи тартиби кори байни марказҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоии Душанбе — Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кобул — Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ба имзо расонданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Санади мазкурро дар Душанбе Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода ва Сардори Раёсати авиатсияи граждании Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Қосим Вафозода имзо намуданд.
Созишномаи мазкур ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи маълумот дар самти амалишавӣ ва танзим, ҳамоҳангсозӣ ва истифодаи фазои ҳавоӣ, таъмини тартиби низоми интиқоли назорат дар ҳаракати ҳавоӣ мусоидат менамояд.
Ҷонибҳо таъкид карданд, ки марказҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ барои мубодилаи иттилоот оид ба ҳама гуна тағйирот дар вазъи амалиётӣ, ки ба ҳаракати расмиёти амалиётӣ таъсир мерасонанд, огоҳ мебошанд. Он бояд мавҷудияти таҷҳизот ва хизматҳо, иттилооти метеорологӣ, робитаҳои иртиботӣ ва маҳдудияти иқтидор барои системаҳои ATS-ро дар бар гирад.
Мусоҳибон омодагии худро барои идомаи ҳамкории фаъол дар соҳаҳои афзалиятнок баён намуданд.
Расм аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ.








Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд






