Тоҷикистон ва Гурҷистон бори нахуст созишномаро дар бораи иртиботи байналмилалии автомобилӣ имзо карданд
ДУШАНБЕ, 15.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тбилиси Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Вазири иқтисоди Гурҷистон Натия Турнава бо мақсади фаъол намудани ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ Созишномаро дар бораи иртиботи байналмилалии автомобилӣ имзо карданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати иқтисоди Гурҷистон.
Тавре дар хабар омадааст, санади нав ба рушди минбаъдаи иртиботи автомобилӣ байни ду кишвар мусоидат мекунад.
Чунин созишнома байни Тоҷикистон ва Гурҷистон бори нахуст ба имзо расид.
Дар Вазорат зикр карданд, ки созишнома тартиби ҳамлу нақли дутарафаи борҳо, аз ҷумла борҳои транзитиро ба кишварҳои сеюм тибқи саҳмияҳои рухсатдодашуда муайян мекунад. Шумораи дақиқи онҳо ҳар сол мувофиқа хоҳад шуд.
Шарҳ дода шудааст, ки дар созишнома танзими масъалаҳои ҳуқуқии вобаста ба тамоми интиқолоти автомобилӣ пурра пешбинӣ шудааанд. Аз Гурҷистон ба Тоҷикистон маҳсулоти ғизоӣ, доруворӣ, чӯбу тахта, таҷҳизоти барқӣ ва мебел ворид карда мешавад.
Хотиррасон мекунем, ки муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Гурҷистон 4 августи соли 1994 барқарор шуданд. То соли 1991 ҳарду кишвар дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ шомил буданд. Имрӯз онҳо аъзои Созмони умумиҷаҳонии тиҷорат, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, инчунин аъзои комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид мебошанд. Тоҷикистон ва Гурҷистон иштирокчии барномаи TRACECA («Роҳи нави абрешим») мебошанд, ки ба рушди долони нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиё нигаронида шудааст. Дар чаҳорчӯбаи барнома ҳамлу нақли борҳо байни кишварҳо фаъолона сурат мегирад. Фосила байни ду кишвар 2356 км -ро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали соли равон вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Гурҷистон аввалин машваратҳои сиёсиро дар шакли конфронси видеоӣ баргузор карданд ва дар рафти он ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳоро байни ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ — иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ баррасӣ карданд. Инчунин иштирокчиён оид ба масоили амнияти минтақавӣ ва ҳамкории кишварҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Дар фарҷоми машваратҳои сиёсӣ, вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Гурҷистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Давид Залкалиани барномаи ҳамкорӣ байни ВКХ барои солҳои 2021-2022-ро имзо карданд.
АКС: Вазорати иқтисоди Гурҷистон








Сафири Тоҷикистон бо вазири авқофи Кувайт мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид






