«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Аз атрофи Сирдарё 4,5 метри мураббаъ партов бароварда шуд

Апрель 29, 2021 08:32

ДУШАНБЕ, 29.04.2021/АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои  мардумӣ бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар хиёбони Раҳмон Набиев, дар соҳили дарёи Сир ташаббуси  «Тозагии соҳил» гузаронида шуд.

Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати мамлакат хабар медиҳад.

Дар иқдоми «Тозагии соҳил» зиёда аз 300 нафар  устодону донишҷӯёни муассисаҳои миёнаи касбӣ ва олии шаҳри Хуҷанд  иштирок намуда, соҳили Сирдарёро аз партовҳои маишӣ ва алафҳои бегона тоза  намуданд, ки дар натиҷа ба партовгоҳи шаҳр 4,5 метри мураббаъ  партов бароварда шуд. Ташаббуси «Тозагии соҳил» дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мунтазам роҳандозӣ мегардад, ки ҳадафаш ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологии сокинон  ва тарғиби тарзи ҳаёти солим аст.

    АКСҲО аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Апрель 29, 2021 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид