Туҳфаи Пешвои миллат — китоби «Тоҷикон» дастраси сокинони ноҳияи Сангвор гардид

Апрель 10, 2021 10:59

САНГВОР, 10.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру  супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корвони китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба ноҳияи Сангвор расид.

Ин туҳфаи гаронарзиш, ки ба баланд бардоштани хештаншиносӣ ва ҳувияти миллии ҳар шаҳрванди мамлакат равона гардидааст, бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба 3000 оилаи  ҷамоатҳои деҳоти  Сангвор расонида шуд. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Сангвор  Шодӣ Раҳмонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Қабули туҳфаи навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияро рӯҳбаланд гардонид ва онҳо  иброз доштанд, ки “фарзандони мо ва насли наврас дар натиҷаи хондани ин китоб аз таърихи гузаштагони худ огоҳ гардида, бо меҳри ватандӯстонаю меҳанпарастона оянда дар рушди Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузоранд”.

Ёдовар мешавем, ки нашри китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров соли равон сурат гирифт. То ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Пешвои миллат ин китоб бояд ба ҳар сокини кишвар тақдим  карда шавад.

Апрель 10, 2021 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд