Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Асалбегим Саодатова дар 71-солагӣ аз олам даргузашт

Апрель 5, 2021 10:15

ДУШАНБЕ, 05.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 4 апрел Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Асалбегим Саодатова дар синни 71 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, марҳум нимаи аввали имрӯз дар яке аз оромгоҳҳои шаҳри Душанбе ба хок супорида шуд.

Асалбегим Саодатова 4 ноябри соли 1950 дар ноҳияи Рӯшон ба дунё омадааст. Соли 1971 пас аз хатми Донишкадаи давлатии санъати театрии шаҳри Москва ба номи А. В. Луначарский ба ватан омада, дар қатори бунёдгузорони Театри ҷавонон буд. Миёни алоқамандон бештар бо нақши «Аҷузкампир» аз намоиши телевизионии «Алифбоҷон, Алифбо!» машҳур мебошад.

Мавсуф фаъолияти пурраи эҷодиашро дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон гузаронидааст.

Асалбегим Саодатова дар тӯли беш аз чор даҳсола дар спектаклҳои зиёд нақш бозида, қаҳрамонҳоеро рӯи саҳна овард, ки аз лиҳози хислат, хулқу атвор, ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмӣ ва идроки моҳияти зиндагӣ аз ҳам тафовут доранд. Инчунин дар саҳнаҳои офаридаи ӯ самимият бештар дида мешавад. Саҳнаҳои офаридааш «Робиаи Балхӣ», «Табиби зӯракӣ», «Тангои ҷиноятӣ», «Модар меояд», «Муалли­ми рақс», «Ситораи роҳнамо», «Илоҷи беилоҷӣ ҳаст», «Суруди зиндагӣ», «Алафҳои бегона», «Ҳукм», «Донаки сеҳрнок», «Фолбин», «Дар ҷустуҷӯи бахт», «Кулбаи хонум Зоя» аз ҳамин қабиланд.

Асалбегим Саодатова  дар саҳначаю намоишҳои телевизионӣ низ ҳунар нишон додааст.

Акс аз манбаъҳои боз

Апрель 5, 2021 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд