Вакилони Маҷлиси намояндагон бо вазири маорифи Украина мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 01.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 31 март Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ, Раиси гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Украина Шарифҷон Ҳакимзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Сурайё Уроқова бо вазири маорифи Украина Сергей Шкарлет мулоқот намуданд.
Тавре аз Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот таъкид карда шуд, ки сатҳи баланди ҳамкории мутақобила ва шарикии байни Тоҷикистон ва Украина вуҷуд дорад. Ин ҳамкорӣ дар асоси заминаи ҳуқуқӣ ба миён омада, барои ҳарду ҷониб судманд мебошанд.
-Мо хеле шодем, ки бо Шумо мулоқот намуда, оид ба муносибатҳои дуҷонибаи манфиатдори тарафайн дар соҳаи маориф ва илм табодули назар мекунем,- гуфт Насиба Содиқӣ дар мулоқот.
Номбурда таъкид намуд, ки маориф ва илм ҳамеша самти муҳими рушди ҷомеаи ҳамаи кишварҳо буданд ва мебошанд. Аз ин рӯ, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ дар соҳаи маориф ва илм барои ҳарду ҷониб судбахш аст. Ҷолиби диққат аст, ки муносибатҳо дар соҳаи фарҳангию гуманитарӣ тадриҷан рушд карда истодаанд ва ҳар сол шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаҳои ҷониби Украина ва дар асосҳои умумӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии Украина дохил мешаванд.
Дар асоси Созишномаи дуҷонибаи имзошуда байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Украина аз 9 апрели соли 2003 байни якчанд донишгоҳҳои кишварҳои мо созишномаҳо ба имзо расиданд. Ҳоло дар донишгоҳҳои Украина беш аз 150 нафар донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Мутобиқи созишнома, Украина ҳамасола барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Украина 20 стипендияи давлатӣ (квота) ҷудо мекунад. Инчунин дар доираи барномаҳои минтақавии байналмилалӣ муаллимон ва мутахассисони ҳарду ҷумҳурӣ дар конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ ширкат меварзанд.
“Имрӯз бо дарназардошти эҳтиёҷоти назарраси Тоҷикистон барои зиёд кардани квотаҳои барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Украина ҷудошуда дар якчанд ихтисос фикр кардан лозим аст. Инчунин бо назардошти дастовардҳои бузурги Украина дар рушди соҳаи тиб зарур мешуморем, ки ҳамкорӣ дар ин самт, аз ҷумла омода намудани кадрҳои тиббӣ, махсусан дар соҳаи фарматсевт, таҷрибаомӯзии онҳо дар муассисаҳои тиббии Украина ва таъсиси истеҳсоли муштараки доруҳо дар Тоҷикистон диққати ҷиддӣ дода шавад.
Сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҷавонон нигаронида шуда, он кас ташаббускори бисёр чорабиниҳо дар сатҳи давлатӣ мебошанд, ки ба рушди илм ва маориф такони ҷиддӣ мебахшанд. Дар партави чунин сиёсат, мо мекӯшем, ки дар самти такмили санадҳои қонунгузорӣ оид ба рушди илм ва маориф ҳамаҷониба кумак расонем,- афзуд Насиба Содиқӣ.
Ҳамчунин дар мулоқот таъкид карда шуд, ки солҳои охир ҳамкории байниминтақавии ду давлат ривоҷу равнақ ёфта истодааст.
Инчунин ташрифҳои мутақобилаи намояндагони муассисаҳо, доираҳои соҳибкорӣ ва намояндагони корхонаҳои саноатӣ ба Тоҷикистон ва Украина сурат гирифтанд.
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина дар соҳаи фарҳангию гуманитарӣ афзоиш ёфта истодааст. Робитаҳо байни олимони ду давлат тавсеа ёфта истодаанд. Солҳои охир ҳамкорӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Украина самаранок густариш меёбад.
Дар айни замон муносибатҳои Тоҷикистон ва Украина тамоюли рушди босуръатро доро буда, ба дурнамои дарозмуддат равона гардидаанд.
Зикр карда шуд, ки Тоҷикистон ва Украина инчунин ба густариш ва тавсеаи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи мутақобилан судманд таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.








Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид
6 феврал Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима гардид
Қонунҳои марбут ба партовҳо ва хоҷагии ёрирасон дар кумитаи Маҷлиси миллӣ баррасӣ шуданд






