Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори комиссияҳои Ассамблеяи Байнипарлумонӣ иштирок намуданд

Апрель 15, 2021 13:37

ДУШАНБЕ, 15.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагон — раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод, Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода, Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Файзулло Машраб дар кори ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои фарҳанг, иттилоот, сиёсат ва ҳамкории байналмилалӣ,  иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсати хориҷӣ дар реҷаи фосилавӣ (онлайн) фаъолона ширкат варзида, фикру андешаҳои хешро нисбат ба мавзӯъҳои дар ин чорабиниҳо баррасишуда иброз намуданд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон дар баробари дигар вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бештар масъалаҳоеро муҳокима намуданд, ки аксари кулли онҳо ба масъалаҳои ҷустуҷӯи роҳҳои вусъат бахшидан ба равандҳои ҳамгироии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида шуда буданд.

Аз ҷумла, дар рӯзнома- қонунҳои намунавӣ «Дар бораи амнияти миллӣ», «Дар бораи системаи ягонаи даъват ба хадамоти ҳолатҳои фавқулодда», «Дар бораи хариди давлатӣ», «Дар бораи дороиҳои молиявии рақамӣ», «Дар бораи тағйирёбии рақамии соҳаҳои давлатҳои аъзои ИДМ», Тавсияҳо оид ба рушди ҳамкории давлатҳои узви ИДМ дар соҳаи амнияти иқтисодӣ, Кодекси намунавии андоз барои давлатҳои аъзои ИДМ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иштирокчиёни кори ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иброз намуданд, ки ҳамкории байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ дар шаклҳои гуногуни ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба амалӣ карда мешаванд. Аз рӯзи таъсис Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ-Ассамблеяи байнипарлумонӣ мақоми худро ҳамчун як платформаи оптималӣ барои кори якҷояи парлумонҳо, муҳокимаи масъалаҳои мубрами рӯз ва наздикшавии мавқеи давлатҳои ИДМ собит менамояд. Пойгоҳи таҳияшудаи қонунгузории намунавӣ ва таҷрибаи муқарраргардидаи ташкили ҳамкории байнипарлумонӣ ба парлумонҳо имкон медиҳад, ки дар равандҳои ҳамгироӣ дар шаклҳо ва параметрҳои барои онҳо қобили қабул ширкат варзанд.

Дар кори ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ  намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербург Бахтовар Сафарзода иштирок намуд.

Аксҳо аз Маҷлиси намояндагон

Апрель 15, 2021 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон