Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Шветсия — Раиси амалкунандаи САҲА мулоқот намуд

Апрель 15, 2021 10:50

ДУШАНБЕ, 15.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия — Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) хонум Анн Линдеро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот доираи васеи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба бо Шветсия, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби САҲА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ҳамчунин вазъро дар минтақа ва Афғонистон муҳокима намуданд.

Мусоҳибон аҳамияти муқовимати муштарак алайҳи чолишҳои муосир, аз қабили таъсири бемории ҳамагири COVID-19 ба иқтисодиёт, тағйирёбии иқлим, мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷиноятҳоро таъкид намуданд.

Сироҷиддин Муҳриддин зикр кард, ки Тоҷикистон САҲА-ро ҳамчун платформаи муҳим барои муколамаи созанда шуморида, ҷиҳати тавсеаи муносибатҳо бо Созмон дар доираи ҳар се ченак – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ ҳавасманд мебошад.

Дар доираи муносибатҳои дуҷониба тарафайн омодагии худро ҷиҳати истифодаи имконоти фаровон барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва савдо, энергетика, маориф, амният, сайёҳӣ ва тағйири иқлим изҳор намуданд.

АКСҲО: ВКХ ҶТ

Апрель 15, 2021 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд
Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард