Вазири нақлиёт аз масъулин тақозо намуд, ки кормандони муассисаҳои нигоҳдории роҳҳоро бо либос ва пойафзоли босифати корӣ таъмин созанд
ДУШАНБЕ, 06.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара бо кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Данғара, ки дар ҳудуди истироҳатгоҳи «Баҳри кабуд» ба тозакунии ҷӯйборҳо ва бартарафсозии сангҳои ба рӯи роҳ афтида машғул буданд, суҳбати корӣ анҷом дод, иттилоъ медиҳад Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ.
Кормандон изҳор доштанд, ки музди меҳнаташонро сари вақт мегиранд, аммо аз сифати пасти либосу пойафзоли зимистона ва тобистона, ки дар ду сол як маротиба аз тарафи Вазорати нақлиёт таъмин мегардад, изҳори норозигӣ карданд.
Вазири нақлиёт аз сардори раёсатҳои молия ва корҳо талаб намуд, ки бо риояи меъёрҳои мавҷуда минбаъд пойафзоли мавсимӣ пеш аз харид кардан аз ҷониби масъулин мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор дода шавад ва навъи интихобшуда танҳо бо сифату ҷавобгӯӣ ба талаботи пойафзоли мавсимӣ интихоб ва харид гардад. Пойафзоли босифате бояд интихоб шавад, то ки кормандони муассисаҳои роҳнигоҳдорӣ тавонанд онро дар ду фасли сол истифода баранд. Ҳамчунин Вазири нақлиёт ба масъулин супориш дод, ки кормандони муассисаҳои нигоҳдории роҳҳоро дар фаслҳои баҳору тирамоҳ бо либосҳои болопӯши боронӣ таъмин созанд.
Акс аз Вазорати нақлиёт








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






