Вазири нақлиёт аз масъулин тақозо намуд, ки кормандони муассисаҳои нигоҳдории роҳҳоро бо либос ва пойафзоли босифати корӣ таъмин созанд

Апрель 6, 2021 11:13

ДУШАНБЕ, 06.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара бо кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Данғара, ки дар ҳудуди истироҳатгоҳи «Баҳри кабуд» ба тозакунии ҷӯйборҳо ва бартарафсозии сангҳои ба рӯи роҳ афтида машғул буданд, суҳбати корӣ анҷом дод, иттилоъ медиҳад Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ.

Кормандон изҳор доштанд, ки музди меҳнаташонро сари вақт мегиранд, аммо аз сифати пасти либосу пойафзоли зимистона ва тобистона, ки дар ду сол як маротиба аз тарафи Вазорати нақлиёт таъмин мегардад, изҳори норозигӣ карданд.

Вазири нақлиёт аз сардори раёсатҳои молия ва корҳо талаб намуд, ки бо риояи меъёрҳои мавҷуда  минбаъд пойафзоли мавсимӣ  пеш аз харид кардан аз ҷониби масъулин мавриди омӯзиши ҷиддӣ  қарор дода шавад ва навъи интихобшуда танҳо бо сифату ҷавобгӯӣ ба  талаботи пойафзоли мавсимӣ  интихоб ва харид гардад. Пойафзоли босифате бояд интихоб шавад, то ки кормандони муассисаҳои роҳнигоҳдорӣ тавонанд онро дар ду фасли сол истифода баранд.    Ҳамчунин Вазири нақлиёт ба масъулин супориш дод, ки кормандони муассисаҳои нигоҳдории роҳҳоро дар фаслҳои баҳору тирамоҳ бо либосҳои болопӯши боронӣ таъмин созанд.

     Акс аз Вазорати нақлиёт

Апрель 6, 2021 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Бадахшон мизбони Форуми байналмилалии «Помир-инвест -2025» мегардад
Тавсеаи ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
«Chengdu Airlines» парвозҳои мусофирбарии мустақимро дар самти Қошғар-Хуҷанд-Қошғар амалӣ менамояд
Дар Италия 44-умин Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оғоз гардид
Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ чӣ аҳамият дорад?