Венгрия хостори тақвияти ҳамкории иқтисодӣ бо Тоҷикистон гардидааст
ДУШАНБЕ, 08.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бонки содиротию воридотии Венгрия омода аст барои Тоҷикистон дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ бо имтиёзҳо ҷиҳати маблағгузории таъсиси корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон ва амалиёти савдои хориҷӣ квота ҷудо намояд. Ин нуктаро Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати берунаи Ҷумҳурии Венгрия Петер Сиййарто зимни мулоқот бо Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода зикр намуд.
Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Венгрия, таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва доруворӣ матраҳ гардида, мусоҳибон оид ба имконияти рушди дурнамои ҳамкорӣ табодули назар намуданд.
Инчунин ҷонибҳо аз таъсиси Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Венгрия истиқбол намуда, нақшаи худро барои ҳарчи зудтар ва дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷаласаи нахустини он пешниҳод намуданд.
Завқӣ Завқизода зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тақвияти ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Венгрия таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариши муносибатҳо ва истифодаи самараноки ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ изҳор намуданд.
АКС аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






