Бори нахуст дар Тоҷикистон дастаҳои овозадори Россия «Туретский хор» ва «SOPRANO» ҳунарнамоӣ мекунанд

Апрель 28, 2021 08:59

ДУШАНБЕ, 28.04.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дастаҳои овозадори Россия «Туретский хор» ва «SOPRANO» дар Душанбе лоиҳаи миқёсан васеи сулҳофарини «Сурудҳои Ғалаба»-ро тақдим мекунанд. Дар ин бора намояндагии «Россотрудничество» дар Тоҷикистон хабар медиҳад.

Шоми 30 апрел дар майдони ба номи 800-солагии Москва дар Душанбе сурудҳо дар бораи сулҳ, корнамоӣ ва муҳаббат садо медиҳанд, ки иштирок дар он  озод аст.

Ба барномаи мусиқӣ беҳтарин композитсияҳо — «Катюша», «Смуглянка», «Бонги Бухенвалд», «Ту дар бораи ҷанг чӣ медонӣ» ва ғайра ворид шудаанд.

Лоиҳаи «Сурудҳои Ғалаба», ки 16 кишвари ҷаҳон ва 5 наслро муттаҳид кардааст, сабқати нодири мусиқӣ мебошад. Он ба нигоҳ доштани иртиботи замонҳо ва наслҳо, ҳифзи хотирот дар бораи корнамоиҳои ниёгон ва ҳодисоти Ҷанги дуюми ҷаҳон равона шудааст.

Солҳои 2018-2020 лоиҳа дар хиёбонҳои марказии 16 кишвар (Исроил, ИМА, Канада, Германия, Франсия, Чехия, Венгрия, Полша, Австрия, Италия, Россия, Беларус, Словения, Чин, Словакия, Булғористон) пешкаш шуда буд.

АКС аз намояндагии «Россотрудничество» дар Тоҷикистон

Апрель 28, 2021 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид