Бори нахуст дар Тоҷикистон дастаҳои овозадори Россия «Туретский хор» ва «SOPRANO» ҳунарнамоӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 28.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаҳои овозадори Россия «Туретский хор» ва «SOPRANO» дар Душанбе лоиҳаи миқёсан васеи сулҳофарини «Сурудҳои Ғалаба»-ро тақдим мекунанд. Дар ин бора намояндагии «Россотрудничество» дар Тоҷикистон хабар медиҳад.
Шоми 30 апрел дар майдони ба номи 800-солагии Москва дар Душанбе сурудҳо дар бораи сулҳ, корнамоӣ ва муҳаббат садо медиҳанд, ки иштирок дар он озод аст.
Ба барномаи мусиқӣ беҳтарин композитсияҳо — «Катюша», «Смуглянка», «Бонги Бухенвалд», «Ту дар бораи ҷанг чӣ медонӣ» ва ғайра ворид шудаанд.
Лоиҳаи «Сурудҳои Ғалаба», ки 16 кишвари ҷаҳон ва 5 наслро муттаҳид кардааст, сабқати нодири мусиқӣ мебошад. Он ба нигоҳ доштани иртиботи замонҳо ва наслҳо, ҳифзи хотирот дар бораи корнамоиҳои ниёгон ва ҳодисоти Ҷанги дуюми ҷаҳон равона шудааст.
Солҳои 2018-2020 лоиҳа дар хиёбонҳои марказии 16 кишвар (Исроил, ИМА, Канада, Германия, Франсия, Чехия, Венгрия, Полша, Австрия, Италия, Россия, Беларус, Словения, Чин, Словакия, Булғористон) пешкаш шуда буд.
АКС аз намояндагии «Россотрудничество» дар Тоҷикистон








Дар Фестивали байналмилалии «Интермузей. БРИКС+» густариши ҳамкорӣ байни осорхонаҳо баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид
Бахшида ба 35-солагии робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Санкт-Петербург дар Осорхонаи миллӣ намоиши аксҳо ифтитоҳ ёфт
Аъзои ҳайати шаҳри Санкт-Петербург дар Осорхонаи миллӣ бо давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги бостонии тоҷикон шинос шуданд
Дабири кулли САҲА дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо тамаддуни миллати тоҷик шинос шуд
Рушди ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд
«…МОДАР ЯКТОСТ, ТОҶИКИСТОН ЯКТОСТ…». Ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ 85 сол пур шуд
«МЕАНДЕШАМ, ПАС ҲАСТАМ». Таҳти ин унвон намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Суҳроб Қурбонов ташкил карда мешавад
Дар Бишкек маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон даврҳои омӯзишии «Эбру», 3D ва колиграфия ифтитоҳ шуданд
«ЗЕБОИИ ТОҶИКИСТОН–МЕРОС БАРОИ ОЯНДА». Дар Бишкек намоишгоҳи санъати тасвирии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон— Ватани азизи ман» оғоз шуд






