Волейболбоздухтарони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ӯзбекистон соҳиби медали нуқра шуданд

Апрель 23, 2021 13:00

ДУШАНБЕ, 23.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби бонувони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба волейбол дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон барандаи медали нуқраи мусобиқаи байналмилалӣ шуданд. Дар ин бора аз  Федератсияи волейболи Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба волейбол миёни духтарони то 17-сола, ки аз 19 то 23 апрел ба поси хотири чемпиони дукаратаи Бозиҳои олимпӣ Вера Дуюнова дар шаҳри Навоии Ӯзбекистон баргузор шуд, имрӯз ҷамъбаст гардид.

Дар мусобиқа 6 даста – 4 даста аз Ӯзбекистон («Олимп», «Суғдиёна», «Ҳумо», «Водӣ»), инчунин дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намуда, тибқи системаи даврӣ дар як давр бозӣ карданд.

Ба иттилои котиби генералии Федератсияи волейболи Тоҷикистон Муҳиб Латипов, волейболбоздухтарони мо 5 бозӣ анҷом дода, бо 4 пирӯзӣ ва як бохт ҷои дуюмро ишғол карданд. Ҷои аввал насиби дастаи «Олимп» ва ҷои сеюм насиби дастаи «Ҳумо» аз Ӯзбекистон шуд.

Дар мусобиқа намояндагони Конфедератсияи волейболи Осиё иштирок намуданд.

Апрель 23, 2021 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт